Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 344 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 344 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ба ростӣ, садо хеле гўшхарош буд ва ман дилу бедилон аз ҷоям бархоста, рафта тирезаро кушодам. Суръати шамол хеле баланд буд, ки боронро оварда ба рўям зад ва ман ҳамоно даричаро пӯшидам.
Сипас, овози писарбачаам Шаҳриёр баланд шуд ва ман ба назди ў рафтам.
-Вале нафаре моро бовар кунонид, ки шуморо он рўз, аниқтараш дар ҳамон лаҳзаҳои боронӣ дар кўчаи Айнӣ дидааст?
-Инкор намекунам, чунки ҳамон рўз ба хонаи хизмати маишии “Садбарг” рафта будам ва сипас лакоту хаста ба хона баргаштам, вале ин дар нимаи аввали рўз буд. Агар нафаре ҳам манро он рўз дар кўчаи Айнӣ дида бошад, дар нимаи аввали рўз дидааст.
-Вале нафаре, ки дирўз бо мо суҳбат дошт, ду пойро дар як мўза андохтанӣ шуда собит кардан мехост, ки дар он лаҳзаи борон шуморо дар кўчаи Айнӣ ҳангоми баромадан аз як автомашинаи хориҷӣ дидааст.
-Ман, ки аксар вақт бинобар надоштани маблағ ба дӯкону бозор пиёда меравам, чӣ тавр метавонистам аз хизмати автомашинаи хориҷӣ истифода барам?
-Шояд ягон шиносатон шуморо дидаву дар он лаҳзаҳои борон дилаш ба ҳолатон сўхта, таклифи то манзилатон бурдан намудааст?
-Ман инкор намекунам, ки дар рўзгори банда чунин ҳолатҳо набудааст, вале он рўз ман тариқи нақлиёти шаҳрӣ пеш аз борон ба хона омада будам.
-Пас чаро он мард ду пойро дар як мўза андохтанӣ шуда, домони шуморо дошта истодааст?
-Аз куҷо донам?
-Ҳа, дарвоқеъ, ана ҳамон марде, ки аз автомашинаи хориҷӣ баромадани шуморо дида будааст, бо нафари дигаре қариб даст ба гиребон шуда буд.
-Чаро?
-Чунки нафари дуюм мехост шуморо пуштибонӣ кунад.
Сараввал мо низ ба ҳамон нафаре, ки ба дифои шумо дасту остин барзад, бовар намудем, вале нафари аввала ҳеҷ домони шуморо сар додан намехост. Маҷбур шудем рўзгори ҳарду шоҳиди сари баҳс қарордоштаро санҷида бароем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан