Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 345 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 345 аз 499 · 2 ноябри 2026

Санҷиш нишон дод, ки нафари ба дифои шумо бархоста дар он шабу рўз дар шаҳр он тараф истад, ҳатто дар маҳаллаҳои атрофи шаҳр ҳам набудааст. Мо ҳеҷ фаҳмида натавонистем, ки чаро шоҳиди ба ҳимояи шумо бархоста бархилофи қонун амал намудаву дидаву дониста дурўғ гуфт. Чаро?
-Пас ў дар куҷо будааст? - пурсид Фотима Амон, ки акнун хеле хастаҳол ба назар мерасид ва дигар аз он чашмони фаттон нишоне намонда буд.
-Ў ҳамроҳи ҳамсараш дар осоишгоҳи “Гармчашма” будааст ва аз “Гармчашма” то ҷойи ҳодиса 600 км роҳ аст.
Пас ба кадом хотир ў шуморо дастгирӣ кардан хост?
-Чаро шумо гумон доред, ки ў манро пуштибонӣ намудан хостааст, ё худаш иқрор шуд, ки манро мешиносад?
-Оё шумо гуфтанӣ нестед, ки вайро намешиносед?
-Намешиносам, ман ҳатто намефаҳмам, сухан дар атрофи кӣ меравад. Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро кадом як марди ношиносе ба дифои ман бархостааст, барои кадом гуноҳам ў манро дастгирӣ намудан хостааст, барои кадом гуноҳ, худам ҳайронам. Мефаҳмед, ман ҳеҷ чизеро намедонам, мефаҳмед, намедонам.
-Мо фаҳмидем, вале қонун инро мефаҳмида бошад ?
-Қонун қонун гуфта мешинед, магар ҳамин қонун набуд, ки бинои нав ба истифода додашуда дар кўчаи Навбаҳор ба зилзилаи чорбалла тоб наовард, магар ҳамин қонуни мегуфтагии шумо набуд, ки гунаҳкори асосии сохтмон бе ҷазо монд, магар ҳамин қонун набуд, ки муфаттишу судя виҷдони хеш фурӯхта, ба тақдири мардуми ҷабрдида аз паси панҷа нигаристанд. Шумо, ки чашму гўши Ҳукумат бошед, пас чаро муайян накардед, ки судя он қасри боҳашамати ба номи додарарўсаш номнависшударо аз ҳисоби кӣ ва бо кадом маблағ сохтааст? Биёед, аз қонун ба ман лексия нахонед, чунки ба андешаи ман қонунро аз шумо қонундонҳо дида касе бештар поймол накардааст. Агар шумо ва чун шумоҳо барин ҳомии қонун бошад, бояд дарк намоед, ки қонун танҳо барои бечораю бенавост ва нафаре пул дорад, парвои қонунро ҳам надорад, чунки ў ҳам аз иштиҳои қозгир ва нафси бади ҳомиёни қонун дарак дорад ва медонад, ки пора санги хороро ҳам об мекунад...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан