Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 346 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 346 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чунинашро интизор набудем. Каломи аз забон буруновардаи ҷавонзан чун тир синаи мо бишикофт.
Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки аз рўйи як гови рихин шуда, ҳамаи пода бадном мешавад. Чавонзан он чиро гуфт, ки гуфтан мехост. Сухани ҳақ дар ҳама давру замон нишонрас аст ва новобаста аз мавқеи кунуниаш Фотима Амон моро бо худи мо шинос кард.
-Аз рўйи як ё ду нафар як мақомотро гунаҳкор намудан аз рўйи инсоф нест ва аз хотир набароред, ки ҳатто гулзор ҳам бе хор нест, - гуфт муфаттиш.
-Хоҳиш мекунам, чун девори намкаш нашавед. Дасти шахшӯли зиндагӣ тайи ин панҷ соли охир он қадар сари маро сила намудааст, ки баъзан ба эҳсосот дода шуда, бе мулоҳиза каломи ба сарам омадаро ба забон меорам. Маъзарат мехоҳам, маро бубахшед.
-Андешаи обро дар хушкӣ бояд кард, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Ҳамаи ин суханони пардапӯшонаатонро сабаб чист, модоме, ки ман ба шумо бадие накардам?
-Дуруст, вале аз эҳтимол дур нест, ки шумо дар куҷое ба саҳву хатое роҳ надода бошед. Албатта, ҳар амалеро ба андозаи худаш подоше ҳаст ва дар зиндагӣ ҳеҷ кас аз доираи қонун баромадан эмин нест, вале ҳар як амали мо новобаста аз хоҳишамон боз дар мизони ҳамин қонун гузошта мешавад, ки дар як паллаи он амали мо ва дар паллаи дигараш қимати ин амал қарор мегирад ва дараҷаи адолат он аст, ки паллаҳои тарозу дар муқобили ҳам баробар рост шаванд, - бори аввал ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфтам ман.
-Модоме худи қонун ба ман таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, пас донистан мехоҳам, ки барои кадом гуноҳам?
-Чӣ хеле муҳтарам муфаттиш гуфтанд, шуморо дар он рўзи боронӣ дар кўчаи Айнӣ баъди аз автомашинаи хориҷӣ берун омадан ва ба самти шимол ҳаракат намуданатон дар назди гузаргоҳ дидаанд. Яке аз он нафароне, ки бо шоҳиди дигар сари баҳс қарор дошт, моро бовар кунонид, ки маҳз шумо аз он автомашинаи зебои хориҷӣ берун шуда ба ҳамон самте ҳаракат намудед, ки ман аллакай ба шумо гуфтам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан