Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 350 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 350 аз 499 · 2 ноябри 2026

Медонед, ки вай кӣ буду чӣ шуд ва боз медонед ин зане, ки ҳамагӣ чанд моҳ боз мешиносед, дар муҳаббат ноком аст.
Мехостем ҳамаи инро шарҳу эзоҳ диҳед ва бигўед, ки чӣ тавр ў аз шумо шоҳиди қалбакӣ тайёр намуд.
-Ҳамааш аз он сар шуд, ки дар “Ахбори криминалӣ”-и “Оинаи нилгун” ҳодисаи ба сари кадом як судя омадаро нишон доданд. Сари субҳ буд, ки Фотима занг зада, хоҳиши вохўриро намуд. Чун мо чанд вақт боз шинос будем, хоҳиши ўро рад карда натавонистам. Соатҳои ёздаҳ мо дар пеши меҳмонхонаи “Пойтахт” вохӯрдем. Ў пурсид, ки оё ман дишаб “Ахбори криминалӣ”-ро тамошо намудам ё не. Гуфтам, бале, тамошо намудам. Гуфт бидон ва огоҳ бош, ҳамон зани дар ҷустуҷў буда, ки дар атрофи номаш сухан рафт, ҳоло дар паҳлуят нишастааст.
-Пас чӣ шуд? - хомӯшии Саид Забирро дида пурсид муфаттиш.
-Ман ўро ором намудан хостам, вале бе натиҷа. Фотима гуфт, ки ҳамсоязан ҳамон рўзи борон вайро дар сари ҳамон чорроҳа дида буд ва Худо накардаву ҳамсоязан аз рафти воқеаҳо огоҳӣ ёбад. Дар он сурат ў рост рафта, ҳамаашро нарезондаю начаконида ба гўши милиса мерасонад. Охир ба ҷуз ман дигар, ки ҳам метавонист ба ин амал даст занад ва ҳамсоя медонад он судяи бадбахт чӣ хиёнате дар ҳаққи мо намуд. Фотима бандаро бовар кунонид, ки боре ба ҳамсоя рози дил намуда гуфта будааст, то ман ин судяи бевиҷдонро ба ҷаҳанам нафиристам, ором намешавам. Сипас, Фотима оби чашм, намуда гуфт: - Саид, медонӣ аз рўйи муҳаббати Муҳиб шуда ман дари хонаи падарро ба рўям бастам ва дигар дар ин дунё ба ҷуз ту дўсти наздиктаре надорам. Хоҳиш мекунам ягон илоҷ намуда, бандаро аз ин варта раҳо намоед. Фотима гуфт, агар аз ин варта берун оям, ғуломи ҳалқабаргўшат хоҳам шуд.
Чун дар замирам меҳри ў кайҳо шӯъла барангехта буд, барои ба иштибоҳ андохтани тафтишот розӣ шудам. Сипас, мо ба ҳамон ҷойи ҳодиса рафтем ва Фотима ба ҳамон нуқтае рафт,ки автомашина истода будааст. Ў ба ман фаҳмонд, ки автомашина тағмаи “Тайота Ленд Крузер” буда, ранги сиёҳ дошт ва дар қатори дуюм сафи сеюм ист намуда буд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан