Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 351 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 351 аз 499 · 2 ноябри 2026

Фотима аз ҷойи исти автомашина чӣ тавр ба тарафи чорроҳа омадан ва ба кадом самт рафтанашро низ ба ман нишон дод. Сипас, ман низ андешаҳои хешро ба ў баён намуда, варианти барои Фотима аз ҳама бехатарро интихоб намудам. Ба тафтишот ҳамон суханеро гуфтам, ки ман ҳамроҳи Фотима ба таври назариявӣ байни худ муҳокима намуда будем. Ман бояд тафтишотро бовар мекунонидам, ки аз автомашина марде баромада, ба тарафи истгоҳ рафт. Банда ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварда будам, ки тафтишот нисбати шоҳид чунин таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Рафту агар ман ва ҳамсарам дар “Гармчашма?”- намебудем, собит намудани дараҷаи гуноҳи банда ғайриимкон буд.
-Ин ҳеҷ душворие надошт, - гуфтам ман.
-Чӣ хел душворӣ надошт, рафту агар он рўз ман дар шаҳр мебудам, чӣ тавр шумо дар он гузаргоҳ набудани маро собит менамудед?
-Чунки тафтишот роҳу равиши худро дорад, ки он на ба ҳама фаҳмост?
-Роҳу равиш он аст, ки ман аз ҷойи ҳодиса 600 км дур будам ва ана шумо ҳамин ҳолатро бар зидди нишондоди ман гузоштед.
-Шояд чунин ҳам бошад, вале ин танҳо як тарафи кор аст.
-Тарафи дигараш чӣ?
-Тарафи дигараш он аст, ки шумо на танҳо ба хотири Фотима ба ин кор даст задед.
-Набошад ба кадом хотир ?
-Андеша намоед, андеша, ки ҳоло ҳам дер нашудааст.
-Ҳоло ҳам ба суханони ман боварӣ надоред, - бо овози канда-канда гуфт Саид Забир.
-То ҷое дар нишондоди шумо ҳақиқат ҳаст, вале асли воқеаро, ки сабабгори шоҳиди қалбакӣ шуданатон гашт, нагуфтед.
-Чӣ хел нагуфтам?
-Ҳамин хел одӣ. Шумо на ба он дараҷа гӯлу гумроҳ ҳастед, ки тасвирашро намудед. Шумо қодиред, ки ҳамаи мо дар ҳамин ҷо нишастагонро ба лаби чашма ташна бурда, боз бо баҳонае ташна баргардонед.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан