Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 352 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 352 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Ҳамааш ба хотири Фотима буд, ба хотири муҳаббати ҷавонзан. Ба хотири муҳаббат одам ақлашро ҳам гум мекардааст. Ба ростӣ, агар соле пештар касе ҳамин суханро мегуфт, ман ҳам бовар намекардам ва имрўз ба суханони ман шумо боварӣ надоред, чунки худ то кунун ба чунин ҳол наафтидаед. Мардумон бар он назаранд, ки муҳаббат қодир аст девонаеро ҳушдору хушдор ва ҳушёрро девона созад ва яке аз хамон ҳушёрҳои девонашуда ин лаҳза бо шумо сари суҳбат қарор дораду илтифотеро аз тафтишот интизор. Охир ман гуноҳи хешро пурра ба гардан гирифтам, - нигоҳашро ба фарш дӯхта гуфт Саид Забир.
-Шумо ба хотири Фотима не, балки ба хотири пинҳон намудани амалҳои ғайриқонунии содирнамудаатон ба ҷавонзан ёрӣ додан хостед. Рафту агар шумо ба ҷавонзан он заҳри мори африқоиро намедодед, ў дар ду дунё ҳам ба чунин як амали мудҳиш даст намезад. Албатта, ҳамаи инро фардо Фотима ҳангоми рў ба рў намуданатон дар рў ба рўятон хоҳад гуфт.
-Охир м...м...а...а...н...м...м...а...а...н...
Ман тугмачаи зангро зер намудам ва муҳофизони дар пушти дар буда дарро кушода, аз омодагии хеш ба ҳар гуна амр гузориш доданд.
-Боздоштшударо баред ва дигар андешаи тамом шудани муҳлати боздошташро накунед. Аз ҳамин лаҳза Саид Забир ҳамчун ҳамиштирокчӣ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин гумонбар дониста мешавад, - амр додам ман ва шояд барои эҳтироми синну солам бошад, ки муфаттиши прокуратура ҳам дигар каломе ба забон наовард.
-Ба фикрам, парванда ба маҷрои аслии хеш ворид шуд, - ниҳоят муҳри хомуширо шикаста гуфт Нӯшини Азиз, ки акнун нияти ба хона рафтан дошт.
-Албатта, ҳама оғозро анҷомест ва дер ё зуд бояд мо маҷрои парвандаро муайян мекардем. Бубин лаънатиро қариб аз худ Маҷнун тарошид, рафту агар ҷавонзан нисбати шавҳараш бетафовут мебуд, магар ў ба ҷиноят даст мезад.
Эҳтимол ў ба шавҳараш чун ба маъбад нигоҳ мекунад ва боварӣ надорам, ки чунин зан ба хиёнат қодир бошад,-гуфтам ман.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан