Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 365 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 365 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар сари чорроҳа бо ҳамсоязане, ки аз шавҳараш занбӯр гирифта будам, қариб рў ба рў омадам, вале худро нодида вонамуд сохта, аз паҳлуяш гузашта рафтам. Тахминан сад-саду панҷоҳ қадам болотар аз сари чорроҳа сўзани заҳролуд ва гӯгирди холиро ба ҷўйбори паҳлуи роҳ, ки аз шиддати борон дарёи калонро ба хотир меовард, партофта, соате пас тариқи нақлиёти шаҳрӣ ба хона баргаштам...
-Ман ба шумо имкон медиҳам, ки ҳолати ҳодисаи дуюмро низ шарҳу эзоҳ диҳед. Ҳамаи ин метавонад чун ёрӣ ба тафтишот арзёбӣ гардад, ки он ҳангоми ба тавсиб расонидани “Фикри айбдорӣ” ва баровардани ҳукм аз тарафи суд чун ҳолати сабуккунанда ба инобат гирифта шавад, - гуфт Нӯшини Азиз.
-Дар ҳодисаи дуюм ҳам аз ман гумонбаред?
-Худ қазоват намоед, ки ба заҳр танҳо шумо ва Саид Забир дастрасӣ доштед. Чун Саидро ба он ҳодисаи таърихи сесоладошта ягон пайвастагие нест, пас кӣ мемонад?
-Охир дар он ҳодиса ҳашт нафар фавтидаю беш аз бист нафар захмдор шуда буданд, наход ҳамаашро аз ман бубинед?
Ба ҷуз истифодаи заҳр, ки дар дасти кӣ буданашро ман аллакай гуфта гузаштам, дар ҳарду ҳодиса ду ҳаракате ҳаст, ки муаррификунандаи маҳсули тахайюл ва кори дасти як нафар аст.
-Боз чӣ хел ҳаракат?
-Гузоштани акси Элмира дар ҳарду ҳолат, ва ҳамин буд хатои асосии шумо. Рафту агар ба гуфтаҳои банда боварӣ надоред, метавонед, ин амали хешро аз ҳимоячиатон пурсед, - бо як мулоимӣ гуфт муфаттиш.
...
-Хеле мутаассифам, ки дирўз дар ин бора ба ман чизе нагуфтед, - хомӯшии тӯлониро вайрон намуда ба тарафи зерҳимояаш нигариста гуфт Дастам Қосим.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан