-Пас куҷост хати ҳимоя, модоме ки аз рўйи ваколат шумо онро ба душ гирифтед?
-То кунун аз тарафи мақомоти тафтишот дар нисбати шумо ягон фишор оварда нашудааст, ҳамин аст мақсади аслии ҳимоя ва ҳимоячӣ наметавонад рафти ҳодисаҳоро ба манфиати зерҳимояаш тағйир диҳад, паст наомада гуфт Дастам Қосим.
-Тайи чанд рўз ҳама ҷо орому сокит буд ва ман низ барои анҷоми амали ба душ гирифтаам тайёрии пухта дидам.
Суроғаи собиқ сардори ширкати сохтмонии “Фаришта”-ро, ки ба андешаи худам тариқи пора додан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехта буд, пайдо намудам ва дар бораи кору пайкораш маълумот гирд овардам. Зиндагии алоҳидаи фарзандон кори бандаро хеле осон кард. Ҳамсараш ҳар рўз дар як вақти муайян барои нигоҳбонии набераҳояш ба хонаи писари калониаш ба маҳаллаи дигари шаҳр мерафт ва се-чор соат он ҷо мемонд. Он рўз ман қисми боқимондаи доруро боз дар ҳамон шакли аввала ба сўзандору гирифта, ба суроғаи Мухтор Саттор рафтам. Аз дур истода хонаро ба зери назар гирифтам. Муддате пас соҳибхоназан аз дарвоза берун шуд.
Мухтор Саттор худаш ҳамсарашро то пеши дарвоза гусел намуда, боз вориди ҳавлӣ шуд. Баъди даҳ дақиқа ман пушти дарвоза рост шуда, тугмачаи зангро пахш намудам. Нафаре, ки банда ба “дидорбиниаш” омада будам, дарвозаро ба рўям кушода, матлабамро пурсид.
-Аз идораи хоҷагии коммуналӣ ҳастам ва мехоҳам ба чанд суоли хеш посух бигирам.
-Марҳамат, гузаред, - гўён ў ҷисми хешро аз пеши дарвоза каме ба қафо гирифт ва ман вориди ҳавлӣ шудам. Аз қафои ў ҳаракат намуда, роҳравон пурсидам, ки чаро як марди солор барои кушодани дарвоза баромад.
-Шукр фарзандон ҳама парончак шуда рафтанд ва ҳамсарам низ лаҳзае пештар барои нигоҳбонии набераҳо ба хонаи писари калониам рафт. Келин як –ду соат дарс дорад ва ҳар рўз аҳвол ҳамин.
Ин ҳама чун ҳамон борони онрўза бар муроди дили ман буд. Бо ҳамин фикру андешаҳо мо вориди яке аз ҳуҷраҳо шудем, ки аз рўйи ороиш ва таҷҳизоташ меҳмонхонаро мемонд.





