Омада болои мулоимкурсӣ паҳлуям нишаст ва даст болои ронам гузошт. Чун аз тарафи банда муқобилияте нашуд, хомӯширо аломати ризо пиндошта, маро ба оғўш гирифта, лаб бар лабонам бурд... Чун ў саргарми амалӣ намудани андешаҳои нопокаш буд, ман сўзандорўи тайёрро, ки дар ҳолати омодабош дар дастам нигоҳ медоштам, бе ягон мушкилӣ ба рони пояш халонидам.
-Оҳ, фоҳиша!-гуфту маро буғӣ кардан хост, вале ҳамано дастонаш суст шуданду болои фарш афтид. Сўзандоруи истифодашударо ба сумкаам ва акси Элмираро аз он ҷо бурун оварда, ба ҷайби ошиқи ноком гузошта аз ҳавлӣ баромадам...
Маҳз ҳамон акс сабаб шуду воситаҳои ахбори омма ҳодисаи дуюмро чун “Мукофоти амал” –и нафаре, ки дар марги ҳашт ва захмдоршавии беш аз бист нафар даст дошт, ба қалам доданд. Ман он рўз рўзномаи “Айём”-ро ба хона бурда, ба дасти Муҳиб додам. Ў хонду гуфт, ки ҳар он чӣ ки ба сари мо омад, ҳамааш аз тақдир аст, аз тақдир бошад, роҳи гурез нест ва нафаре, ки барои ин амал ба хуни сарвари сохтмон даст задааст, ба васвосаи шайтони алайҳилаъна гирифтор шудааст.
Ана ёбу гир. Ба хотири ў шуда, ман ба ду ҷинояти мудҳиш даст задам, вале шавҳарам нархи сабзию пиёзро напурсида, андешаҳои худро баён кард. Агар ў каме мақоларо дастгирӣ мекард, шояд ман вайро аз асли воқеа огоҳ менамудам. Дишаб ман хеле андеша намудам ва ба хулосае омадам, ки ба гумон аст Муҳиб амалҳои бандаро дастгирӣ намояд, пас агар чунин аст, бигузор маро ҳабс намоянд. Бе Муҳиб зиндагӣ ба ман ҳаром бод! Акнун ҳар чӣ бодо бод!
-Саидро аз “ корнамоиҳои хеш” чӣ тавр огоҳ намудед?
Баъди аз “Гармчашма” баргаштан Саид ба хона омад, вале ман ўро аз тиреза дида, худ ба истиқболаш баромадам.
Гуфтам, ки хуб мешуд то ҳалли масъала аз вохўрӣ канорҷўӣ мекардем. Чун инсони ақли фаҳм будааст, дигар каломе ба забон наоварда гашта рафт. Ҳамон шабе, ки ҳодисаи авваларо тариқи барномаи “Ахбори криминалӣ” ба эфир бароварданд, ман боз Саидро ба ёд овардам... Ҳангоми вохўрӣ дар рў ба рўйи меҳмонхонаи “Пойтахт” чун ў аз амалҳои банда огоҳ шуд, шояд муҳаббати то он лаҳзаҳо дар нисбати банда доштааш чун гули сармозада пажмурда шуд... Рафту агар имкон медошт, дар ҳамон ҷо манро буғӣ карда мекушт.





