Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 367 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 367 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Марҳамат гузаред, - гуфт соҳибхона бо дасташ ба мулоимкурсии дарозрўя ишора намуда ва худ дар самти муқобил дар чунин ниммулоимкурсӣ нишаста, даст ба дуо бардошта “қадам расид, бало нарасад” - гўён омин гуфта даст ба рўйи кашид ва ман низ ба эшон пайравӣ намудам. Ў бори дигар бандаро хайрамақдам гуфта, сабаби ташрифамро дубора пурсон шуд.
-Бубахшед, ки шуморо беҳуда ташвиш додам, чунки мо аслан ба суолҳои хеш бояд аз бонувон посух бигирем.
-Ин чӣ хел суҳбат будааст? - тааҷҷуб намуд соҳибхона.
-Идораи хоҷаги коммуналӣ мехоҳад барои нафароне, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, дар асоси шартнома баъзе корҳоро, - аз қабили кор дар ошхона, кор дар атрофи ҳавлӣ ба анҷом расонад. Ҳамчунин, дар таъмири ҷорӣ низ мо метавонем корҳои зиёдеро бо нархҳои арзон ба сомон расонем.
-Яъне, шумо хизматгор пешниҳод карданиед?
-Маро дуруст фаҳмидед, дар ин бора, албатта, бо ҳамсаратон суҳбат намоед. Занҳо ҳамеша ба ёрӣ эҳтиёҷ доранд. Акнун ман бояд равам, - гўён банда аз ҷой бархестам.
-Не, не, то як пиёла чойи моро нагиред, аз ин ҷо намеравед, омадан бо иродату рафтан бо иҷозат гуфтаанд.
-Ман ташвиши зиёдатиеро ба шумо овардан намехоҳам.
-Ҳеҷ гап не, ман дар ду дақиқа чойро гирифта меорам.
Чун ў ба ошхона рафт, ман сўзандоруро ба кор омода сохтам.
Ман онро дар тарафи рост аз паҳлуям болои мулоимкурсӣ зери сумкаам гузоштам. Акнун маро лозим буд, бо ҳила ўро барои ба худам наздик шудан майл кунонам. Кафолати пурраи анҷоми неки корро ман дар ҳамин медидам... Соҳибхона чой овард ва пурсид, ки оё ман фотеҳа шудаам ё не. Қоҳ-қоҳ зада хандидам ва гуфтам, ки ду маротиба ба шавҳар баромадам, вале ситораам бо ҳамсаронам рост наомад ва мо ҷудо шудем.
-Бовар намекунам.
-Ихтиёр шуморост, вале агар ин дафъа ба шавҳар бароям, танҳо бо марде, ки аз кӯраи обу оташи зиндагӣ гузашта бошад. Ду - се дақиқаи дигар мо сари ҳамин масъала баҳс намудем ва шояд ў маро зани сабукпо пиндошта, пардаи шарму ҳаёро пеши по зад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан