Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 371 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 371 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чунки медонистед, ки баҳри аз варта баромадан вай ба чӣ амале даст хоҳад зад... Вақте ҳодисаро тариқи барномаи “Ахбори криминалӣ” нишон доданд ва вай аз шумо ёрӣ хост, аз асли воқеа огоҳ шуда, қариб ўро буғӣ карда кушта будед.
-Ҳамааш дурўғ, буҳтон, туҳмат!-дод зад Саид Забир.
-Боварӣ ҳаст, ки овози Фотима чун мусиқии маҳин ҳанўз дар ёдатон монда ва агар чунин аст ба қисме аз нишондоди ин бону таваҷҷуҳ намоед, - гўён бо ишораи муфаттиш ман тугмачаи диктофонро зер намудам.
...”Ҳамон шабе, ки ҳодисаи авваларо тариқи барномаи “Ахбори криминалӣ” ба эфир бароварданд, ман боз Саидро ба ёд овардам...Чун ман ба кирдори хеш қоил шудам, шояд муҳаббати то он лаҳзаҳо дар нисбати банда доштааш чун гули сармозада пажмурда шуд... Рафту агар имкон медошт, дар ҳамон ҷо маро буғӣ карда мекушт...” Аминам, соҳиби овозро шинохтед, - диктофонро хомӯш намуда гуфтам ман.
-Гумон доред, ки ҳамаи ин саҳнаро ман фикр карда баровардам?
-Не, оғози ҳамаи ин бесарусомониҳои шуморо коргардон ўст, вале агар шумо ба зану шавҳари аламзада дар бораи он арабу заҳри овардааш бо эҳсос ва муҳаббат сухан намегуфтед, фикри интиқом гирифтан дар замири ҷавонзан бедор намешуд. Ба таври дигар гўем, шумо алангаи оташи рў ба хомӯшӣ овардаро бо каломи аз забонатон беруномада аз нав афрӯхтед ва аз эҳтимол дур нест, ки тафтишот шуморо ҳамчун муаллифи саҳна арзёбӣ накунад.
-Пас он ҳама чашмакзаниҳо, ашкрезиҳо ва бўсобўсиҳоро ба хотири фиреб додани ман рўйи саҳна оварда буд?
-Бале, вале ба ҳамаи ин аввал худи шумо гунаҳкоред, чунки каломи мардуми орифро, ки матлабаш “сухан дар даҳон посбони сар аст” ба гўшаи фаромўшӣ дода, кирдори ҷинояткоронаи аҷнабиеро, ки дар марги ҳамдиёронат даст дошт, ба ҷой маҳкум кардан, ситоиш намудед. Амали носипосонаи шумо баробари нон хӯрда ба намакдон туф кардан ё пеши шайтони алайҳилаъна кулоҳ аз сар гирифтан аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан