Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 372 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 372 аз 499 · 2 ноябри 2026

Бори аввал нест, ки шумо қиблаи бегонаро саҷдагоҳи худ қарор додед ва оқибати ин носипосию бегонапарастӣ шуморо ба ин ҳолат овард, - гуфт Шукрихудои Шариф, ки дар тамоми рафти суҳбат хомуширо ихтиёр карда буд.
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, - иқрор шуд Саид Забир.
-Чаро то андозае? - эътироз намуд лейтенанти ҷавон.
-Чунки шумо ҳолати ҳамонвақтаи маро аз рўйи макри зан ба инобат нагирифтед, андеша накардед, ки шайтон сад макр кунад, шогирди занон бошад.
-Дигар аз ҳама ин гуфтаҳо чӣ суд, модоме он ҷавонзанеро, ки шогирди шайтонаш мешуморед, шуморо чун ҳамиштирокчӣ дар ду ҷинояти мудҳиш бо худ ба зиндон мебарад.
-Модагург кори кардаашро кард...
-Пас агар чунин аст, мегуфтед, ки он заҳрро чӣ тавр ва аз куҷо пайдо намудед? - пурсидам ман.
-Замоне банда дар ҳайати ҷабҳаи мухолифин дар як ноҳияи наздисарҳадӣ ифои вазифа доштам ва дар он ҷабҳа Абдулло бинни Идрис оли Хатаб ном марди арабе буд. Маҳз ў дар бораи корномаи апачҳо ба мо ваъз мегуфт ва таъқид мекард, ки иҷрои ҳама гуна амалиёти ғайриқонунӣ санъати иҷроиши худро дорад. Ба андешаи араби ба ҷиҳодомада, ҳангоми ичрои амалиётҳои мазкур, ҳатто мақомотҳои кошифӣ (разведка) аз заҳри морҳое, ки дар рўйхати хатарноктарин морҳои дунё шомиланд, истифода мебурданд.
Хатаб аз ватанаш чанд ампула заҳри мори бумслангро, ки ба даҳгонаи хатарноктарин морҳои дунё шомил аст, оварда буд ва ба фикрам, ба чанд тан наздикони дар ҷабҳа будааш тарз ва усули истифодаи онро низ нишон дода буд. Вақте Хатабро бо даҳ килограмм маводи мухаддир дастгир намуданд, ў худро дар ИВС-и ШКД - и ҳамон минтақа тариқи заҳри бо худ доштааш ба ҳалокат расонд. Мо аз рўйи дастур дурусттараш васияти худи Хатаб, “мерос”-и ўро, ки эҳтимолияти ба дасти тафтишот афтидан дошт, баъди боздошт шуданаш ба саргаҳи дарёи Ому партофтем. Аз тамоми “сарват”-и Хатаб ба мо як ампулаи заҳри мори бумсланг ба мерос монд ва командир Қаюм Назар он ампулаи думилиграммаро барои нигоҳдорӣ ҳамчун амонат ба дасти ман дод ва бандаи ношукр ба хотири кадом як модагурги оқи падар ба амонати командир, ки маро бародар мехонд, хиёнат кардам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан