Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 376 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 376 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Яъне, шумо боварӣ надоред, ки ман аз рўйи соддагиам ба доми ин зани шаттоҳ афтидам.
-Ҳамааш баръакс аст, баръакс, чунки шумо мехостед бо кадом “қимате” набошад, ўро ба дом андозед, вале оҳи дили нафари дар аробачаи маъюбӣ нишаста, шуморо гирифт, чунки шумо бо Муҳиб Амон лофи бародарӣ зада, ниятҳои нопокеро дар нисбаташ амалӣ намудан хостед ва чун аз мавзуи асосӣ каме дур рафтем, мехостам бифаҳмам, ки чӣ тавр ва аз куҷо шишачаи “Ардуан” - ро, ки дар зери назорати махсус аст, пайдо намудед.
-Донистани ин барои шумо муҳим аст, агар муҳим бошад, нависед, ки ман он шишачаи холиро аз назди ахлотқуттии беморхона ёфтам.
-Нашуд.
-Чаро?
-Чунки шумо дар бораи “Ардуан” маълумоти саҳеҳ доштед. Ба замми ин “Ардуан” дар савдои озод нест, аз ин бармеояд, ки шумо барои ёфтани он кӯшиши зиёде ба харҷ додаед. Ёфтанаш он тараф истад, дар борааш он қадар маълумот гирд овардед, ки дар лаҳзаи зарурӣ истифодабарандаи он худро аз ҷазои ҷиноӣ ҳифз карда тавонад.
-То андозае шояд ҳақ ба ҷониби шумо бошад ва ҳарчи ҳам омўхта бошем, аз худи зиндагӣ омўхтаем.
-Андешаҳоятонро равшантар баён намоед!
-Дар солҳое, ки мо низ силоҳ дар даст доштем, ҳамнишини қишрҳои гуногуни ҷомеа будем ва на танҳо ҳамнишин, балки бологузари тӯю маъракаи онҳое будем, ки бо баҳонаи худи мо давлатро ғорат мекарданд. Чун корамон меафтид, онҳо дастҳо пеши бар аз ҳисоби моли давлат моро қадрдонӣ мекарданд ва ин бебокии онҳоро дида, мо худ ангушти ҳайрат мегазидем. Гоҳо дар маъракаҳое, ки сархуш будем, мепурсидем , ки чун мо аз ин ҷо равем, онҳо барои талаю тороҷи моли давлат чӣ ҷавоб медиҳанд ва дар ҳама ҳолат як сухани маъмул вирди забони он хонасалотҳо буд: - “Война всё спишеть.” Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ ва бо дег шинӣ сиёҳ. Албатта, аз кору бори эшон мо ҳам таҷриба андўхтем ва чун ба коре даст заданӣ шавем, албатта, барои рўзи мабодо ҳолатҳои сабуккунандаашро низ ҷўё мешавем. Чун модагург аз ман хоҳиши ёфтани заҳрро кард, ман яку якбора ба ў овардани онро ваъда накардам, гуфтам кўшиш мекунам ва тайи ду- се рўз ман ҳамаи паҳлуҳои амалҳои вайро фикр карда баромадам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан