Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 377 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 377 аз 499 · 2 ноябри 2026

Шумо дуруст қайд намудед, ки ман марги киро мехостам, бехабар аз он ки модагург тариқи он ҳаракатҳои шаҳвониаш маро барои ёфтани доруе, ки худам дар борааш ба тафсил нақл намуда будам, ба дом кашиданист. Бо ҳама бетаҷрибагии хеш ў тавонист маро, ки дар кўраи обу оташ пухта расида будам, дар гирди ангушташ тоб диҳад. Ман барои он ампуларо ба дасташ надодам, ки мабодо аз бетаҷрибагӣ онро ба сӯзандору гирифта натавонад ё ягон қатраи онро дар баданаш чаконад ва кош чунин мешуд.
Соддагии маро бубинед, ки боз барои вай шиша (флакон) ҷустам, чунки дар ҷабҳа чанд маротиба овардани “Ардуан” - ро ба дўши ман гузошта буданд ва ман силоҳ дар даст ба беморхона рафта, амри командирро ба гўши сардухтур мерасонидам ва эшон бо ду дасти адаб оварда, онро ба дасти ман медоданд ва боз гуселам намуда мегуфт, ки саломи эшонро ба командир расонам. То кунун ҳамон шишаҳои “Ардуан,” ки дар як тоаш хока ва дар дигараш моеъи илова кунанда доранд, дар хонаи мо дар дохили як қутти нигоҳ дошта мешаванд, шумо бошед бандаро бовар кунонидан мехоҳед, ки “Ардуан” дар савдои озод нест. “Ардуан” ин туру, “Ардуан” он тур. Метавонед ба хонаи мо рафта, доруеро, ки онро тухми анқо меҳисобед, ёфта гиред.
-Саҳми хешро дар ҳодисаҳои рўхдода чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
-Худкардаро даво нест...

  • Модоме ки чунин аст, мо боз ба як ҳолати кор равшанӣ андохтан мехоҳем, - гуфтам ман.
  • Ба фикрам, маро дигар илоҷе нест, пас бифармоед.
  • Баъди вохӯрии аввалаи шумо бо Намоз Хаёл касе аз болои вай тариқи телефони боварӣ ба вазир занг задааст. Мо донистан мехоҳем, ки оё ин кори дасти шумо нест?
  • Ман аллакай ба шумо гуфтам, ки он рўз ҳангоми вохўрӣ бо вай худозада ўро шинохтам. Дурусттараш ман ўро баъди он муаррифии шумо ба ёд овардам. Оташи ғазабамро бо азобе фурӯ нишондам ва чун ба мо рухсати рафтан додед, аввалин коре, ки амалӣ намудам, он буд, ки аз телефон-автомат тариқи телефони боварӣ ба вазири корҳои дохилӣ занг зада, хабар додам, ки ба он заҳре, ки тариқи “оинаи нилгун” хабар доданд, танҳо як нафар даст дорад, ин ҳам бошад собиқ корманди милисаи ноҳияи Сароб Намоз Хаёл.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан