Чун мо дигар имкони ба хона рафтан надоштем, бо Шукрихудои Шариф хайрухуш намуда, ба дафтари кориам даромадам ва бистари дар болои сефи оҳанин бударо гирифта, болои мизи кориам густурда, дароз кашидам, вале ҳеҷ симои духтараке, ки матбуот гирди номаш тоб мехӯрд, аз пеши назарам дур нашуд, ки нашуд...
Тугмачаи радиоро пахш намудам ва аввалин каломи дар торикӣ ба гўшам расида ин буд:
Баланд афтидани мижгон балоангез мебошад,
Баёзи дида гар гулгун бувад, хунрез мебошад...
Э П И Л О Г
Дар рафти тафтишот ҳолатҳои кор бо майдатарин ҷузъиёташ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор гирифт ва бо нишондоди шоҳидон ва таваҷҷуҳи хабарҳои дар матбуоти даврӣ чопшуда, чун соҳиби аслии хона Шуҳрат Аваз аз он қасри кошие, ки дар номаш буд, даст кашид. Маводҳои дар ин самт гирдовардашуда ба суд фиристода шуданд. Рафти тафтишот муайян намуд, ки заминларзаи чорбалла ин танҳо овозаи хушку холӣ будасту бас, дурустараш нафарони манфиатдор заминҷунбиро маҳаки асосии кори хеш қарор дода, баҳри аз ҷазо гурехтан барои худ замина тайёр намуданд.
Агар заминҷунбӣ ҳамчун ядрои асосии парвандаи пешин қабул мешуд, ҳатто имкони усто ва бригадирро ҳам ба ҷавобгарӣ кашидан набуд. Маҳз усто ва бригадир дар рафти тафтишоти пешин гуноҳеро ба гардан гирифтанд, ки гуйё материалҳои сохтмониро аз роҳбари ширкат пинҳонӣ ба дигарон фурӯхтанд. Илова бар ин, ба нақшаи лоҳавии Комил Қаҳҳор ба куллӣ имкони ба харобот овардани биноро дошт ва чун эшон аллакай бо зиндагӣ падруд гуфта буд, асрори нафаре, ки дар ин фоҷиа саҳм дошт, пинҳон монд. Дар ҳодисаи ба сари муфаттиш Далер Восит омада касеро гунаҳкор намудан нашуд, чунки шоҳидони аслии воқеа ба тафтишот хабар доданд, ки ў вақтҳои охири ҳаёташ ҳамеша менўшид ва дар айни сархушӣ мунтазам автомашинаи шахсиашро бо суръати баланд идора мекард, бехабар аз он ки кўза на ҳамеша аз лаби об бе осеб бармегардад. Дар ҳодисаи ба сари Замир Собир омада бародарарўсаш Шуҳрат Аваз ҳаргиз даст надошт ва чун гунаҳкорони асосӣ боздошт шуданд, хоҳараш Сарвиноз Аваз аз ў узр пурсид.
Мегўянд, ки деворро об ва инсонро гап вайрон мекунад ва рафти тафтишот собит сохт, ки агар Саид Забир коҳи кайҳо кўҳнашударо бод намекард ва онро чун достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба гўши Муҳиб Амон ва ҳамсараш Фотима Амон намерасонд, касе ҳам дар фикри гузаштаи вай набуд. Маҳз нақли Саид Забир дар ниҳоди ҷавонзан як тӯғёнеро бедор кард ва аз пайи гирифтани интиқом шуд, чун гумон дошт касе аз натиҷаи кораш огоҳ нахоҳад шуд, вале тираш хок хӯрд...





