Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 378 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 378 аз 499 · 2 ноябри 2026

Чун Саид Забир тафтишотро бовар кунонидан мехост, ки ба ҷуз шишачаи “Ардуан”- и ба Фотима Амон додааш чунин шишачаҳо дар манзили истиқоматиаш ҳаст, мо ҳама якҷоя аз дафтари кории муфаттиш барои кофтуков рост ба хонааш рафтем. Дар манзили эшон як қуттии доруҳоро, ки аз даври доқёнус монда буданд, пайдо намудем, ки дар байни дигар доруҳои муҳлаташон гузашта ду қуттии хурдро бо навиштаҷоти “Ардуан” барориши соли 1991 пайдо намудем.
Чӣ хеле ҳангоми пурсиш Саид Забир дар нишондодаш оварда буд, дар дохили он қуттичаҳо ду шишачагӣ, ки дар яке хока ва дар дигаре моеъи ба он хока ҳамроҳкунанда нигоҳ дошта мешуд. Мо тамоми қуттиро дар якҷоягӣ ҳамчун далели шайъӣ ҳуҷҷатгузорӣ намуда, мусодира кардем.
Чун ба таъхир андохтани амалиёти рў ба рўкунӣ Саид Забир ва Фотима Амон маъние надошт, баъди бозгашт аз манзили Саид Забир ва тановули шом ҳарду “дилдодаро” боз ба ҳузури хеш хондем. Соате пас ҳангоми рў ба рў намудани “дилдодагон”, ки оқибати муҳаббаташон бо фоҷиа анҷом ёфта буд, тамоми мухолифати дар рафти пурсиши ҳар кадоме дар алоҳидагӣ пайдошударо бартараф намудем ва муфаттиш ба ҳарду ҳам айб эълон кард. Сипас, Саид Забирро ба ИВС интиқол дода, ба дерии вақт нигоҳ накарда, барои кофтукови манзили Фотима Амон рафтем. Худи ҷавонзани боздоштшуда дар куҷо мондани он шишачаро, ки моеъи дохилаш боиси марги ду тан гардида буд, нишон дод ва мо дидем, ки дар таги шишачаи “Ардуан” барориши соли 1991 як ё ду қатра моеъи зардчатоб боқӣ мондааст. Мо онро чун далели шайъӣ мусодира намудем ва рўзи дигараш муфаттиши прократура мушовири адлияи дараҷаи сеюм Нӯшини Азиз онро бо қарори хеш ба ташхисгоҳи криминалистӣ фиристод.
Вақте ки Фотима Амонро ба боздошгоҳи муваққатӣ фиристодем, ақрабаки соат гузариш ба рўзи навро нишон дод...
Ҳамин тариқ, руҳи духтари ҳаждаҳсола Галиева Элмира Асланхоновна, ки ҳанўз аз сад гул як гулаш нашукуфта буд ва дар тамоми рафти тафтишот холкӯби дасташ чун шабнами болои гул ҷило дода, ҳақиқати фоҷиаи таърихи сесола доштаро ба ҳамагон муаррифӣ кард. Маҳз акси Элмира сабаб гардиду тафтишот марги судя ва рохбари сохтмонро дар як парванда гирд овард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан