Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 381 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 381 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Ҳа, – мад кашида гуфт мўйсафед,– ҳоло ҳама киллер шудагӣ.
– Ана ҳамин хел, бобоҷон, бо ин кас шўхӣ ҳайф,– гуфт васӣ.
Мўйсафед муҳри хомўшӣ ба лаб зад. Дар ин вақт стюардесса аробачаеро пешандоз карда овард ва мўйсафеду васии ман бо мурооти ӯ ду пиёлагӣ оби минералиро нўши ҷон карданд.
– Шумо намегиред? – пурсид бонуи хизматрасон, ки ба фикрам кию чӣ будани маро аллакай медонист.
– Не, мувофиқи дастурамал ба ин кас мумкин нест,– гуфт васӣ.
– Чӣ хел дастурамал? – ҳайрон шуда пурсид стюардесса.
– Хайр, агар дастурамалро нафаҳмед, низомнома…
– Дастурамалатонро дар идораатон истифода баред. Ҳоло шумо дар борти ҳавопаймои ТУ–154 ва барои мо ҳамаи шумо баробаред,– гўён духтарак пиёлаи оби минералиро ба тарафи ман дароз кард ва чун фаҳмид, ки дасти рости ман бо завлона маҳкам аст, ман пиёларо бо дасти чапам гирифтам аз ҳамон ҷо баргашта, ба тарафи кабина рафт ва бо дастурамале баргашта, хомўшона саҳифаеро аз он кушода ба васии ман дод.
Васӣ, ки аз манқурте беш набуд, аз духтарак хоҳиш кард, ки ҳуҷҷатҳоро ба сардораш, ки дар курсии қафо менишаст, нишон диҳад. Байни стюардесса ва васии калони ман чӣ гуфтушуниде шуд намедонам, вале ў васии маро ба наздаш хонда супориши нав дод ва баъди лаҳзае васиам он қисми дар курсӣ маҳкамбудаи завлонаро кушода, ба дасти чапам тоб дод.
Ҳарчанд ҳарду дастонам акнун дар кишан буданд, вале ман худро андак озодтар ҳис намудам, чунки аз хунукии пеши иллюминатор қисми рости баданам, аллакай ба дард омада буд.
Ҳавопаймо боз дакон хўрда паст рафт ва аксари мусофирон ба калима арза кардан даромаданд. Васии ман ҳам номи Оллоҳ таолоро ба ёд оварда, аз Офаридгор барои ҳамагон парвози бехатарро таманно намуд ва баробари мўйсафеди дар паҳлуяш буда омин гуфта, даст ба рўй кашид.
Ман аз он шод будам, ки акнун вазъи ў аз ман хубтар нест, зеро ў мурданӣ тарсида буд. Мўйсафед авзои беҷояшро дида, дар гўшаш чизе гуфт ва васӣ назорати маро ба души мўйсафед гузошта, аз ҷой бархоста, ба тарафи васии калон ҳаркат кард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан