Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 382 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 382 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Ҳозир дастонатро мекушоянд,– гуфт мўйсафед, вале чӣ хеле набошад, одобро нигоҳ дор, бачем, вагарна ман дуюмбора кафили ту шуда наметавонам.
Бо кадом роҳ ба васии ман муяссар шуд, ки васии калонро аз “тахташ” хезонида ба назди ман овард.
– Мы сейчас снимаем у тебя наручники, но смотри без глупости, а то тебе пуля в лоб ясно?
– Фаҳмо.
Лаҳзае пас васии худам завлонаро аз дастонам кушода, онро ба кисса зад.
– Ин кас рус буд? – баробари аз наздамон дур шудани амрдиҳанда пурсид мўйсафед аз васии ман.
– Не, тоҷик, алҳамдулиллоҳ, мусулмон.
– Пас чаро бо русӣ гап зад?
– Идораи мо то ҳанўз коргузорриро ба забони модарӣ ташкил накардааст, да ин зачем?
Мўйсафед дигар чизе нагуфт, ё гуфтан нахост, ки муҳри хомўшӣ ба лаб зад.
Стюардесса эълон кард, ки баъди ним соат тановули нисфирўзӣ дода мешавад. Ин хабар бандаро ниҳоят шод кард, чунки тайи ду рўзи дар зери сарпарасти кормандони милиса будан қариб, ки хўроки дурустеро надида будам ва шояд ҳамин зиёфат боз барои чанд рўз буд.
Мегўянд, ки “моргазидаро хоб мебараду одами гуруснаро не” ва ман ҳам баъди наҳорӣ дар куҷо буданамро фаромўш кардам, чунки хоб ғалаба кард…
Намедонам чӣ қадар хобам бурдаст, вале чун чашм кушодам, дар зери парҳои мурғи фўлодин ҷангалзори беканореро дидам, дигар аз он абрҳои сиёҳи болои шаҳри соҳили Нева ному нишоне намонда буд. Дар иллюминатор шуои офтоб ва осмони беғуборро дида, каме дилам равшан шуд ва дар куҷою кадом ҳолат қарор доштанамонро лаҳзае аз ёд баровардам. Мо рў ба хуршед ҳаракат доштем. Бонуи хизматрасон хабар дод, ки тайёра дар баландии даҳ ҳазор метр дарёи Волгаро убур карда истодааст…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан