– Ба ҷойи ман гузар!-амр кард васӣ ва мо ҷойҳои хешро бархилофи ҳамагуна низомнома иваз намудем. Акнун васии ман мафтуни тамошои ҷангалу бешазорони Русия гашта, маро ба гўшаи фаромўшӣ дод…
Мўйсафедро ҳам ғанаб бурд ва ман боэҳтиёт аз пеши ў гузашта дар роҳрав тани афгорамро рост кардам ва сипас ба тарафи думи ҳавопаймо ҳаракат кардам. Васии калони ман бе хабар аз оламу одам хўррок мекашид. Агар ман мехостам, дар як мижа задан таппончаашро ҳам соҳиб мешудам, вале нахостам, чунки аз беақлии хеш худро то ба ин ҳол расонида будам ва намехостам, ки аҳволи бадам аз бад бадтар шавад.
Дар ҳамин лаҳза чеҳраи васии калониам ба назарам ширин намуд, вале ҳар қадар кўшидам, ки дар куҷо дидани ўро ба ёд биёрам, нашуд. Шояд ў аллакай маро шинохта буд ва аз ин рў, аз ман канораҷўйӣ мекард…
Ман дар қисми охири ҳавопаймо аз марде тамоку пурсида, дуди ғамро баровардам. Ҳарчанд тамокукаш набудам, вале онро имрўз ба даст гирифтам. Дафъаи аввал баробари фурў бурдани дуд гулўямро чизе сўзонд ва ман ду – се бор гулў афшонидам. Он марде ки ба ман тамоку дода буд, шикамашро дошта механдид…
Ҳарчи ҳам набошад, ман худро каме беҳтар ҳис карда, сипас, дасту рў шустам ва акнун нав нияти ба ҷоям рафта нишастан доштам, ки васиёни ман ҳарду пайдо шуданд. Аз қиёфаашон маълум буд, ки маро террорист гумон карда, сахт тарсиданд. Васии калониам дасти росташро аз кисааш намегирифт. Ман фаҳмидам, ки баробари гапамон гурехтан ў қулангро зер мекунад, аз ин рў, чизе нагуфтам ва ба ҷойи нишастам ҳаракат кардам. Аз дунболи ман васии дуюм омада, маро боз ба назди иллюминатор гузаронд ва худ ба ҷояш нишаст. Ба гумонам, ў дигар ҳаваси тамошои заминро ҳам надошт.
– Агар бори дигар ҳамин хел худсарӣ кунӣ, боз кишан муборакат!
Ман, ки дуюмбора дастонамро дар завлона дидан намехостам, сар ба зер афканда, ба андешаҳои худ дода шудам…





