Ва акнун дар ин фазои беканор ман ба ёд овардам, ки васии калонии ман оне, ки аз нав маро сарпараст аст, ҳамон домоди Сурхаков аст.
Оне ки дар ҷавонӣ виҷдон надошт, чӣ тавр ин хел марди бузург шудааст? Ба ҳар ҳол барои ман ў як чеҳраи манфур буд, ҳаст ва мемонад…
Ман тоқат накарда аз васии дар паҳлуям буда пурсидам, ки командири калон чӣ рутба дорад?
– Рутбааш ба ту чӣ лозим? – Рафиқ начальник гуфта муроҷиат кун.
“Кал додари кўр” аз дил гузаронидам ман. Бубин бо чунин ақлу фаросат ў ба чунин идораи бонуфуз чун милиса, чӣ хел роҳ ёфтааст, худам ҳам ҳайрон. Охир, ман ду маротиба кам
– камак дар ҳабсхона будам ва нону намаки ҳукуматро берун аз озодӣ ҳам нўши ҷон кардам ва агар миннат нашавад, он нону намакро ҳам пос медорам ва танҳо дар ҳабсхона шаҳрванд “начальник” гуфта муроҷиат мекунад, ин ҷо чӣ? Он чӣ ки ин ду хизматгори хоҷа маро бо роҳи фиреб аз содагии ҳамкоронам истифода бурда дастгир карданд, ин маънои анҷоми корро надорад. Худо медонад, ки розихати (санксияи) прокурор дар бораи ҳабси ман ҳақиқӣ ҳаст ё не? Вале ҳамаи инро ҳоло пешгўйӣ кардан душвор. Баъди ду соли дар ин шаҳри азим, ки замоне аз номаш мо ифтихор доштем ва он ҷойро «Гаҳвораи Револютсия» мегуфтем, банда ҳамдиёронро аз рекетҳои маҳалию скинхедҳо ҳифз намудам, ин тирмизак ба ман гап нишон медиҳад. Худораҳматии падарам мегуфт, ки «бо хар чӣ гўӣ, ки хар хар аст»…
Ҳоло ин тирмизак, ки фукаш чун такачаи ба осмон расида ҳаст, аз куҷо медонад, ки маро нокасон чун домоди ҳамон Сурхаков, ки ҳоло курсии қафои ҳавопайморо иҷора гирифтааст, ба чунин рўз оварданд. Ў аз куҷо медонад, ки «то нахўрӣ, санг кай гардӣ самоъ»…
Мўйсафед ҳам байни андешаҳои худ буд.
Шояд аз рўйи дастурамал васии дар паҳлуям буда ҳуқуқи бо ман гап задан надошт ва ё мумкин дар ин бора дастурамале ҳам надошту барои паст накардани шаъни худ ва ё коста намудани эътибори идораашон аз суханронӣ бо ман, ки ба ақидаи ў киллер будам, худдорӣ мекард ва маро ҷуз роҳе аз иллюминатор ба замин нигаристан, дигар чорае намонда…





