Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 388 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 388 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳавопаймои мо ҳанўз аз болои ҷангали анбўҳе ҳаракат дошт. Ба фикрам, радиуси ҳаракати ҳавопаймо хеле тағйир ёфта буд. Мо ҳамоно ба тарафи офтоббаро парвоз доштем.
Тамошои ҷангали анбўҳ захми дили маро аз нав тоза кард…
Вақте ки аз хизмати Модар – Ватан баргаштам, шодии падарамро ҳаду канор набуд. Шаби аввал баъди рафтани меҳмонҳо ў ҳамроҳи модарам то субҳ нахобида ҳамроҳам суҳбат карданд. Падарам гуфт, ки Сангинмурод бачам, мо ғайри ту дар ин ҷаҳон касе надорем. Акнун ақлатро ба ҷояш мону дар байни дўсту душман обурўйи падару модаратро нарезон. Акнун он даври шўхиҳои беҷоят гузашт, боз коре нашаваду ягон духтари қишлоқ бачаи Сабзалӣ сагалдакай гуфта туро қабул накунад,– илова кард модарам.
-Духтари қишлоқ, ки нашуд, аз шаҳр рафта чунонашро мебиёрам, ки очаш мучӣ накарда боша.
– Э, биё мон бачам, духтарои шаҳр киро гарм карданд, ки туро гарм кунанд, гирем ҳамон зани холабачаатро…
– Кадом холабачаамро?
– Зани Амриалиро мо гумон доштем, ки дар дунё як фариштае гўянд ҳамунай, вале оқибат Амриалиро аз падару модари пираш ҷудо карда, ба шаҳр бурд. Не, бачам агар аз шаҳр зан гирӣ, мо то қиёмат аз ту норизо. Ана, мардак худат шоҳид, агар Сангинмуроди ҷун аз шаҳр зан гирад, дастам берун аз гўр…
– О, занак ақлатро ба ҷояш гир, охир, ин суханони ту аз талаби одӣ дида, ба “ултиматиум” монанд шуданд, рафту қаламкаш тақдири писари моро ба ягон духтари шаҳрӣ кашида бошад…
– Не, не ҳеҷ чизро донистан намехоҳам, Оллоҳ таоло агар тақдири Сангинмуроди ҷуна кашида боша, илтиҷои моро қабуд фармояду ба ҳамин духтарои қишлоқ бикашаш…
Сари субҳ аз хоб хеста, атрофи хонаҳоро давр зада, дар паҳлуи хона ду ҷо чўбу тахтаи бешумор болои ҳам чидаро дидам.
– Инҳо барои чӣ?– пурсидам аз падарам, ки аз куҷое паҳлуи ман пайдо шуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан