Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 390 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 390 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Э мулло Сабзалӣ, Сабзалӣ, калларо кор фармудан даркор, наход бачаи кўри Маҳмадрўзӣ дар донишгоҳ хонаду бачаи ту ба омўзишгоҳ равад?
Падарам ки ҳамсинну соли Норбоев буд, гуфт:
– Охир агар каллаи мо кор мекард, як умр аз паси чанбараки автомашина намегаштем ва мисли худат ягон курсии мансабро ишғол мекардем.
– Агар зўрат нарасад, ман ҳамин Сангинмуродро худам ба донишгоҳ дохил накунам, номам раис не, – гўён меҳмон фотеҳа хонда аз ҷой бархест ва илова кард, ки Сабзалӣ ду рўз пас Сангинмуродро ба назди ман фирист…
Он шаб маро қариб хоб набурд. Суханони имрўзаи раисро ҳарчанд дар мизони ақл баркашидам, ба хулосае омада натавонистам. Ниҳоят рўзи таъинкардаи вохўрӣ бо раис фаро расиду ҳеҷ не ки падарам маро назди ў фиристад. Гумон кардам, ки ў таъкиди раисро аз ёд баровардааст. Бинобар ин гуфтам, ки дадаҷон ба назди раис равам ё не.
– Э, биё мон, бачам сари бедардатро ба дард андохтан чӣ лозим?
Рости гап, дар он лаҳза дилам аз падарам ҳам хунук шуд, фикр кардам, ки наход падар хушбахтии маро нахоҳад, охир раис худаш ваъда кард –ку,- гуфтам ман.
-Дар вақташ хондан лозим буд бачам, ҳуҷҷати қалбаки ба ман лозим нест, хоҳ он диплом бошад...
Ва ман ба хотири суханони қиблагоҳам дигар ба назди раис нарафтам, чунки падарам гуфт, ки ягон кори раис бе тамаъ нест…
Тахминан як моҳ пас дар аввалҳои моҳи июл раис ронандаашро фиристод ва маро ба идораи колхоз не, балки ба мактаб бурд. Директори мактаб Насимов, ки амакбачаи раис буд, маро дида гуфт ки Сангинмурод, ба фикрам, аз ту дида бачаи батолеътар нест, рафта шиносномаатро гирифта биё, як аттестат бароят овардем, аз рўи ҳуҷҷатҳоят онро нависем. Ҳарчанд дар бораи Насимов он вақтҳо гапу калочаи бисёр буд. Вале аз рўи раис шуда касе пишакашро пишт гуфта наметавонист. Ман ба хона рафта, аз рўи насиҳати директор пинҳонӣ аз падарам шиносномаамро, ки баъди аз аскарӣ омадан гирифта будам, ба мактаб оварда, ба дасти директор додам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан