Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 389 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 389 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Хона месозем, Сангинмурод. Ҳамаи ин чўбу тахтае, ки мебинӣ, амаки Сайидмуродат аз Новокузнетск овардагӣ ва боз чӣ қадар трубаю швелер ҳам овард. Ба фикрам, ҳамаи мардум аз чўбу тахта сер шуданд Худо бачаҳоша умри дароз диҳад.
Дар дунё агар се марди бузург бошад, яктоаш ҳамин Сайидмуродай, гуфт падарам. Ҳарчанд мо бо Сайидмурод хешу таборие надоштем, вале ўро ҳамчун марди ҷонфидо эътироф мекардем, чунки ҳама чўбу тахтаи беморхона ва мактабҳоро ў аз Русия оварда буд…
Ман ҳанўз аз иллюминатор ба замин менигаристам, ҳарчанд самти ҳаракати тайёра аз болои Новокузнетск, ки ба қавли баъзеҳо ҷойи буҷулбозии акаи Сайидмурод буд, намегузашт ҳам, вале ман ба хулосае омадам, ки ҷангалҳои самти Сибиррӯя аз ин ҷангале, ки ман мафтуни тамошояш гаштаам, камӣ надоранд…
Ниҳоят худи ҳамон сол падарам барои ман бо умеду орзуҳои зиёд хонаи нав бино кард ва аз чил метри мукааб чубу тахтаи паҳлуи хона дигар сихе намонд…
Акнун он хонаҳоро ман танҳо дар хоб мебинам, чунки нотавонбинон ба онҳо чашм ало карда, ниҳоят ба муродашон расиданд.
Вақте ки падару модарамро аз ҳамин хонаҳои дакаданг пеш карданд, ў ба касалии сактаи дил гирифтор шуд. Ҳарчанд ба ман гуфт, ки сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест, вале дар асл чун ҳезуми оташнагирифта дарун – дарун сӯхт ва ин оташи хомўш ҳам корашро кард. Илоҳо ҷояш ҷаннат шавад!
Дар рўзи сеюми аз армия омаданам, худи раиси колхоз Норбоев ба хонаамон ташриф овард. Баъди рафтани меҳмонҳо Норбоев, ки ҳамагӣ як сол пеш ба сари ҳокимият омада буд ва дар ин муддати кўтоҳ тавонистааст, ки ҳамаи роҳбарияти идораю муассисаҳои шўрои деҳотро аз ҳисоби хешу ақрабояш таъин кунад, ӯ ба тарафи падарам нигариста гуфт:
– Хуш, мулло Сабзалӣ, чаро Сангинмуродро ба донишгоҳ нафиристодӣ?
Падарам ҳасрат карда гуфтанд, ки бо шаҳодатномаи синфи ҳашт кадом донишгоҳ ўро қабул мекунад? Насиб бошад ба ягон омўзишгоҳ рафта мехонад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан