Дар асл бошад, ҳақ ба ҷониби ҷаноби Рокфелер аст ва новобаста аз он ки дар замири мо нисбат ба чунин нафарон аз рўйи таблиғҳои сиёсӣ ҳамеша нафрат дар ҷўш аст, вале офтобро бо домон пӯшонида намешавад...
То ҷое ки банда аз суханронии Воҳид Камол огоҳ гаштам, Солеҳ Қамар (маҳрумро чунин ному насаб буда ) ба тиҷорат машғул буда. Ҳарчанд сарвари милиса аз доираи фаъолияти ин тоҷири бо дунёи фонӣ падрудгуфта каломе ба забон наовард, вале баъди вориди манзили истиқоматии ў шудан ба хулосае омадам, ки эшон дар тиҷорат марди аноӣ набудааст.
Ба ростӣ, дилам ба ҳоли марҳум сӯхт, ман чунин маргро ҳатто ба душманонам ҳам орзу намекунам. Чунин давлату сарватро ба осонӣ ба даст овардан ғайри имкон аст.Шояд нафаре, ки ҷони хеш аз даст дода буд, ҳамаи ин дороиро бо нӯги сӯзан гирд оварда буд, вале бовари кас намеомад, ки бо нӯги сӯзан барои сохтани чунин қасри кошӣ чунин маблағро ба даст овардан даст диҳад. Ё ин ҳамаро бод оварда буд...
...”ки бод овардаро боз мебарад бод,”- гуфтани мардумро низ шояд сабабе ҳаст...
Бод овард...
Бод бурд...
Боз тире дар пешона.
Худоё ин дунё ба касе вафо мекарда бошад?
...
Ё ў ҳақи бенавое ва ё бечораеро ғадр намудаву ба ғазаби Офаридгор гирифтор шуд?
...
Акнун чӣ мешуда бошад?
“Мероси гурги мурда туъмаи кафтор аст,”- нидо омад аз қалбам.
-Ба ин тараф, - гуфтани нафаре бандаро аз байни андешаҳои бесарунўг бурун овард ва чун ба тарафи овоз гаштам, аз дари кушодае симои шиносро дида, самти ҳаракатамро каме тағйр дода, вориди он дари кушода шудам.





