Дар рў ба рўӣ дар сари мизе муфаттиши прократура Фурўғи Шариф бо ҷавонзани ношиносе сари суҳбат қарор дошт.
-Хайрият меомадед,- аз ҷой ба истиқболам бархеста гуфт муфаттиш ва мусоҳиби дар пероҳани сиёҳ будаи ў низ нияти аз ҷой бархестан кард, вале банда пешдастӣ намудаву бонуи хонаро аз ин амал раҳо намудам гуфтам, ки ташвиш накашад ва ба вай сабри ҷамил орзу намудам.
Чун муфаттиш ҳанўз саргарми навиштан буд, дуртар аз сари миз ҷисми хешро ба курсии мулоиме гирифта, баъди каме ҳолпурсии соҳибхона дохили меҳмонхонаро аз назар гузаронидам.
Бемуҳобот андозаи меҳмонхона на камтар аз толори миёнаи варзишӣ буд.
Аз ду тарафи меҳмонхона дар шакли дароз мулоим курсиҳои дароз, гузошта шуда, дар байн мизи дарозрӯя ва дар атрофаш курсиҳои ниҳоят қиматбаҳо бо тартиби хело зебо паҳлуи ҳам гузошта шуда будаанд. Дар девори муқобил аз ҷой нишасти банда ҷевони зебои хориҷие, ки қисмати шишагини онро зарфҳои аз фарфор сохташуда оро медоданд, ба чашм мерасид. Ду тирезаи калон, ки бо ду қабат пардаи ҳарир пӯшонида шуда буд, бо азобе нурҳои хуршеди ховарро вориди меҳмонхона месохт, вале ин ҳама боиси андӯҳу нигаронӣ шуда наметавонист, чунки ин норасоӣ тариқи рӯшноии барқӣ ҷуброн карда мешуд. Дар девори муқобили тирезаҳо акси соҳибхоназан ҳамроҳи марди на камтар аз худаш понздаҳ - бист сол калонтар овезон буд. Бемуҳобот ин акси марде буд, ки тир пешонааш шикофта...
Ман беихтиёр нигоҳамро ба тарафи нафаре дӯхтам, ки пероҳани сиёҳ ба бар карда буд. Тайи солҳои дар милиса кор кардан ман бисёр марду занҳоеро вохӯрдам, ки ҳамсафари ҳаётиашонро аз даст дода буданд. Дар нисбати занҳо мардони шаҳди маргро чашида бештар буданд ва занҳои бевамондаи онҳо ҳам аз нигоҳи банда ба ҳодисаи ба сарашон омада нигоҳу назари мухталифе доштанд.





