Ана, дар чунин шароит банда се маротиба маҳдудиятҳои назорати маъмуриро вайрон кардаму боз бўйи ҳабсхона ба машомам расид.
Азбаски худи кормандони милиса (қисми хурди онҳо) дар ду фронт кор мекарданд, маҳз бо ҳамин васила ба ҳукумат фаҳмонданӣ буданд, ки бубин мо кор карда истодаем, ҳатто шахсони дар зери назорати маъмурӣ буда, лаҳзае аз мадди назари мо дур нест…
Хуллас, онҳо бо як тир ду нишон заданӣ буданд…
Дар вақте ки ду бародар ба муқобили ҳамдигар дар сангарҳо нишаста буданд, дар вақте ки роҳбарияти хоҷагиҳо рамаи гўсфандонро ба чарогоҳи зимистона нафиристода, чун арзи сипос ва ба ҷо овардани иззати қувваҳои зиддиҳукуматӣ монданд. Дар вақте ки фурўши яроқ як кори муқаррарӣ шуд, бандаро барои вайрон кардани маҳдудиятҳои назорати маъмурӣ ба маҳкама кашиданд…
– Кўзапўштро танҳо гўр рост мекунад,– гуфт судяи ноҳия ва барои қонунро пос надоштанам маро ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум кард…
Вале ин дафъа ман ба ҳабсхона наафтидам. Автомашинаи моро дар роҳ қувваҳои зиддиҳукуматӣ дастгир ва бандаро озод намуданд. Бо ҳамин ман аъзои дастаҳои зиддиҳукуматӣ ё худ мухолифин гаштам. Маҳз ҳангоми аъзои ҳамин дастаҳо будан ба дурўягии қисме аз ашхоси дар сари ҳокимият буда, бовар кардам…
Чанд рўз баъди аз асирӣ озод шудани ман худи раиси колхозамон Норбоев ба назди сардори гурўҳамон Акрам – полвон омад ва бо ман гарм вохўрӣ кард. Албатта, ин аввалин вохўрии мо баъди аз ҳабс озодшавии ман буд ва дар давоми як сол раисамон аз «серкорӣ» вақти маро хабар гирифтан наёфт.
Ман ки дафъаи дуюм бо гуноҳи худ муҳлати адои ҷазоро зиёд кардам, чун ҳар мусулмон ҳамаро аз тақдир, ки ба қавли баъзеҳо дар пешонаам навишта шуда будааст, арзёбӣ мекардам ва аз касе, аз ҷумла аз раис ҳам дигар кинае дар дил надоштам ва ҳангоми суҳбат бо ин марди дурўя коҳи кўҳнаро бод накардам.
Раис барои хабаргирии ман як барзагов ва даҳ сар гўсфанди зоти ҳисорӣ оварда буд. Пас аз чанде ман фаҳмидам ки онҳоро баъди «муҷоҳид» шуданам аввал ба хонаамон фиристодааст, вале падарам гуфтааст, ки чизу чораи давлат дар чунин шароит барояш ҳаром гардад ва ҳамаи онҳоро пас гардонидааст…





