Норбоев нағз мефаҳмид, ки ман дар олами ҷиноӣ чӣ вазн дорам ва ин илтифоти навбатиаш на ҳамчун арзи сипос, балки дар симои ман ёфтани пушту паноҳе буд. Ман ба дастгирию мадади касе эҳтиёҷ надоштам, зеро дар дастам акнун яроқ доштам ва тақдири минбаъдаи давлату миллат дар дасти ман баринҳо буд. Норбоев инро нағз мефаҳмид. Вай дар назди Акрам – полвон қариб, ки аз ман қаҳрамон тарошад…
Ба ҷойи ў ман худам шарм доштам ва аз хуҷра, ки мо онро штаб меномидем баромадам…
Стюардесса эълон кард, ки ҳавопаймо ба хоки Тоҷикистон, ки наваду се дар сад қисмати онро кўҳҳо ташкил мекунанд, ворид шуд. Ў эълон дошт, ки акнун Тоҷикистон он бародари ҳафтум не, балки ҷумҳурии мустақил аст ва дар Созмони Милалли Муттаҳид намоянда ва парчами худро дорад. Борҳо сарвари ин мамлакати азият кашида, ки дар ҳалли муноқишаи тоҷикон ҷони хешро ба хатар монда баҳри ба даст овардани сулҳу салоҳ ҷонбозиҳо кард ва дар зери парчами ҷумҳурӣ аз минбари баланди ҳамин созмон суханронӣ кард…
Албатта, шунидани чунин суханон барои ҳар фард як ифтихорест, вале он рўзе ки ман ин сарзамини аҷдодиро бо роҳи пинҳонӣ тарк кардам, ҳанўз калимаи сулҳ чун нархҳои бозор дар даҳони савдогар буд...
Тайёра самти ҳаракаташро торафт паст мекард. Акнун чароғакҳои огоҳкунандаи ҳавопаймо аз нав фурўзон шуданд.
Ман ҳама фикру хаёлро аз сарам дур карда, аз иллюминатор чашм намекандам. Ана, қаторкўҳҳои Ҳисор намудор шуданд.
Ман, ки умри хешро дар ҳамин сарзамин гузаронида будам, аз тамошои ин кўҳҳо, ки чун мардони баору номусаш сарбаланд буданд, чашм канда наметавонистам.
Тайёра болои шаҳри Душанбе дар баландие парвоз дошт, ки ҳама чиз бо намуди аслиаш ба чашм мерасид. Биноҳои бисёрошёна ва рафтуомади автомашинаҳо аз дили бедори мардум аз зиндагӣ хабар медоданд. Мо аз болои дарёчаи Душанберо ҳам гузаштем.





