– Мафия дар ҳама ҷо мафия аст, хоҳ дар Италия бошад, хоҳ дар ҳамин кўҳистони кўчаки мо.
– Агар мафия дар ҳама ҷо як бошад, пас канӣ он комиссарҳои мо?
– Ҳамаи онҳоеро ки ба муқобили мафия мебароянд, чун комиссар Катани тақдири сахте нигарон аст.
– Аз тақдир касе нагурехтааст, ки онҳо гурезанд, вале шарафи худро ҳифз кардан лозим аст –ку?
– Дар ҳам соҳаҳои органҳои қудратӣ шахсони дасти пок дошта бисёранд, вале чӣ хеле мегўянд, гул бе хор нест ва ҳамин як хор қадри як дастагулро коста месозад. Маҳз мафия тамоми чораҳоро мебинад, ки ҳамин хорҳо ба курсии мансаб бароянд ва бештар ин кўшиши онҳо ҷомаи амал мепўшад. Чунин шахсон вақте ба сари мансаб меоянд, аз манфиати давлат дида манфиати онҳоеро ҳимоя мекунанд, ки дар ба сари мансаб омаданашон саҳмгузор шудаанд.
– Яъне, аз манфиати давлат дида манфиати мафия барояшон азизтар аст.
– Зиндагӣ ҳамин аст, Сангинмурод, мо хоҳем ҳам онро тағйир дода наметавонем.
– Майлаш, акнун шаф-шафи бисёр накарда, шафтолу гуфта мон.
– Чӣ хел?
Ман боз автоматро ба даст гирифта, нўгашро ба тарафи мусоҳибам гардонидам.
– Сангинмурод, шўхӣ накун, охир ин зормонда ҳамеша хун металабад, – бо овози гирифта гуфт раис.
– Ба фикрам, аз рехтани хуни ту мафия аз ман даъвогар намешавад.
– Гапат рост ба мафия одами зинда ва корчаллон лозим ва ман як винти хурде дар ин механизми мураккабам ва ҳамеша ҷойи маро метавонад дигаре иваз намояд.
– Он дўсти тасбеҳгардонат чӣ?
– Ў гапи дигар ва барои Мирбек касе туро намебахшад.
– Ў пештар чикора буд?
– Мудири хоҷагии ҷангал.
– Ва бо чунин вазифа чӣ тавр дар ин олами ҷиноӣ роҳ ёфтааст?





