Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 409 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 409 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Он чӣ ки мо имрўзҳо фаҳмидем, Мирбек бист – бисту панҷ сол пеш фаҳмида буд. Маҳз ҳамон вақт ў дар ҷангалзорҳо тухми банг ва кӯкнорро кишта, ҳосилашро озодона ба шаҳр мебурдааст ва инчунин бо давлати ҳамсояи Афғонистон ҳам ба фикрам доду гирифт дошт ва ба ивази як линча орд мумкин як килограмм афюн мегирифт ва ҳамаи бори аз он тарафи сарҳадро ба Русия мефиристод. Ва ниҳоят ҳамаи роҳбарияти ноҳияро ба тарафи худ ҷалб кард. Дар охирҳои ҳукмронии салтанати советӣ ягон нафарро бе маслиҳати ў ба курсии мансаб таъин намекарданд ва чӣ хел мегўянд, банда ҳам дар асоси пешниҳоди ў ба сари мансаб омадам…
– Хайр майлаш, мафия саратро хўрад гўй, ки ҳиссаи маро чӣ мекунӣ?
– Гўш кун Сангинмурод, ман ҳоло имконияти пурра дорам он зараре ки ту аз дасти ман ва Мирбек кашидаӣ ҷуброн намоям. Гап зан, чӣ қадар мехоҳӣ?
Ман ҳарчанд андеша кардам, чӣ қадар талаб карданамро нафаҳмидам ва ниҳоят гуфтам:
– Аввал худат гап зан, ки чӣ қадар медиҳӣ?
– Ман ҳар солатро бо як асп, як сар барзагов ва даҳ гўсфанд метавонам то худи пагоҳ ҳисобӣ намоям.
– Ин кам аст. Оё ту медонӣ, ки ман чӣ хел азоб кашидаам?
– оҳ кашида гуфтам ман.
– Майлаш, ба хотири худат боз 50 фоиз тайёрам, ки ҷубронпулиатро зиёд кунам, аз ин беш наметавонам, охир ба ҳар ҳол ман ҳам болои сари хеш хӯҷаин дорам.
– Ба ман кафолат даркор, ки боз рўзе нашаваду ҳамаашро ба поям занӣ.
Роҳбарияти ноҳия имсол барои ба чарогоҳи зимистона бурдани молҳои хоҷагии мо рухсат надод. Яъне, ҷангро баҳона карда, молҳои хоҷагиро нигоҳ дошт. Боз мегўйӣ, ки аз дасти мафия чӣ меояд? Умуман, мафияи ноҳияи мо бо як тир ду нишон зад. Сараввал, Ҳукумати ҷумҳуриро бовар кунонд, ки имконияти ба чарогоҳи зимистона бурдани молҳои хоҷагии «Баҳор» нест, чунки ғоратгарони яроқнок метавонанд рамаю галаро дар роҳ ғорат намоянд ва ин амал боиси дар хатар мондани ҳаёту саломатии чўпонҳо гаштанаш мумкин. Маҳз ба ҳамин хотир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар худи маҳал аз зимистон баровардани чорвои хоҷагӣ розигӣ дод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан