Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 411 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 411 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Ман бовар мекунам,– гуфтам ва ўро ки барои дидани Акрам – полвон омада буд, ба штаб бурдам. Дар сари дастурхон ў аз Акрам-полвон барои овардани ду сар гову даҳ сар гўсфанд супориши нав гирифта, омин гуфта аз ҷой бархест.
Ман ба Носир супориш додам, ки раисро гусел кунад.
Баъди рафтани раис ман ҳам берун баромада, ба гўшае рафтам ва коғазпечро кушода шумурдам. Дар дохили он ҳафтодуяк дона саддолара буд. Эҳтимол агар ман даҳ ҳазор ҳам мепурсидам, Норбоев «не» намегуфт, вале акнун дер шуда буд. Падарам ҳамеша таъкид мекрад, ки “муште ки баъди ҷанг ба ёдат омад, беҳтараш ба сари хеш зан”.
Дар ҳақиқат, ман чанд сол баъдтар ба суханони Норбоев ва ба қудрати мафия боварӣ ҳосил кардам.
Албатта, дар барам гирифта гаштани маоши ёздаҳсолаамро дар байни “армияи озодихоҳ” ба худ эб надида, худи ҳамон шаб аз сардори гурўҳ рухсат пурсида, ба хона омадам ва онҳоро дар хонаи падарам пинҳон кардам. Хостам дар ин бора ба пиру кампир хабар диҳам, вале тарсидам…
Вале баъди ду рўз ҳамаи вазъиятро дар мизони ақл баркашида, ба хулосае омадам, ки ҷанг ҷанг аст ва агар рафту ба сари ман ҳодисаи нохуше биёяд, ҳамаи он ҳафт ҳазор доллар хоки даҳан хоҳад шуд. Аз ин рў, ман боз ба хона баргашта, дар ин бора ба падару модарам хабар додам. Падарам, ки акнун баъди саргузаштҳои банда ба зиндагӣ дигар дилгармие надошт, даст афшонда гуфт, ки метарсам онҳое ки “меҳнати ёздаҳсолаатро” ҷуброн намуданд, аз нав ба сарат ягон балоеро набиёранд. Беҳтар мебуд, ки бар гузашта салавот мегуфтию ин долларҳои лаънатиро намегирифтӣ. Дар он сурат дили ману модари пират осудатар мебуд. Вале ман ўро бовар кунондам, ки ин ҳама меҳнати ҳалоли ман аст, чунки ҳамон вақт соҳибони ҳақиқии маводи мудаддирро пинҳон доштам ва имрўз онҳо он хизмати бандаро, ки “даҳони пўшида сад тилло” мегўянд, ҷуброн намуданд.
Ҳарчанд падару модарам он долларҳоро намехостанд, вале ман боварӣ ҳосил кардам, ки агар рафту ба сари банда ҳодисае биёяд, онҳо долларҳоро хоки даҳан нахоҳанд кард…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан