Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 410 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 410 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дуюм, роҳбарияти ноҳия гурўҳхои силоҳбадастро бовар кунонд, ки ба хотири ғалабаи онҳо рамаю галаи хоҷагии «Баҳор» – ро нигоҳ доштааст ва бо ин амал якдилии хешро бо мухолифин изҳор намуд. Ба фикрам, то баҳор нисфи галаю рама талаю тороҷ хоҳад шуд.
– Пас рўзаш ояд, ту ҷавоби ҳамаи инро чӣ хел медиҳӣ?
– Можешь не беспокоится «война всё спишет».
– Биё ҳисоб намо, ки ҳиссаи ман чӣ қадар мешавад?
Ў мошинкаи ҳисоббарории электрониро аз киса бароварда, меҳнати ёздаҳсолаи маро дар як дақиқа ҳисоб кард.
– Сангинмурод, метавонӣ худи фардо омада, 17 сар асп, 16 сар гов ва 167 сар гўсфандро гирӣ, – гуфт раис.
– Не, инро дар шакли натура гирифта наметавонам.
– Чаро?
– Ин боиси гапу калочаи зиёд гаштанаш мумкин, ба замми ин ман аллакай дар он ҷо (ҳабсхона) будам ва дигар орзуи ба он ҷо рафтан надорам ва беҳтар мешуд, ки шумо пули онро ба ман медодед.
– Ба инаш ҳам ман розӣ, вале барои обу лой кардани ин миқдор чорво вақту соати муайян лозим. Акнун нархи ҳар сар чорворо бояд худат гузорӣ.
Ниҳоят мо ба хулосае омадем, ки раис ба ҳар сар асп 200, ба ҳар сар гов 120 ва ба ҳар сар гўсфанд 13 доллар ба ман медиҳад.
Ў боз мошинкаи ҳисоббарорашро ба даст гирифта ҳамаро ҳисоб карда гуфт, ки ҳамааш 7091 (ҳафт ҳазору наваду як доллар) мешавад ва илова кард, ки баъди як моҳ бо ман ҳисобӣ хоҳад кард…
Мо ҳамон хел сард хайрухуш намудем ва ў чанд бор ба қафояш гашта нигоҳ кард. Шояд ҷонаш ширини мекарду гумон дошт, ки ман аз баҳри он ҳафт ҳазор доллар гузашта, ўро сари як тир накунам.
Ниҳоят баъди як моҳ дар як вақту соати таъиншуда ў ба назди ман омада, коғазпечеро ба дастам дод ва гуфт, ки шумурда бинам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан