Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 418 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 418 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Ин ҷо ман хўҷаин ва розигии ту ба ман аҳамият надорад.
– Ин гапро беҳтар мешуд, ки ба полковник мегуфтӣ ва ман аз амри полковник саркашӣ карданӣ нестам, фаҳмидӣ?
– Акнун фаҳмо, модоме худи полковник гуфта бошад, чӣ илоҷ?- афсўс хўрд капитан.
Ронанда моторро боз хомўш кард ва мунтазири амри навбатии капитан шуд.
– Рафтем, ягон фикр мекунем, – гуфт хўҷаинаш.
Ниҳоят мо ба деҳа надаромада, аз ҳамин паҳлуи осиёби кўҳна қафо гаштем ва баъди ним соат ба маркази хоҷагии овозадори “Москва” расидем. Автомашина пеши бинои зебое, ки болои дараш тарабхонаи “Шероз” навишта шуда буд, истод.
Ба ҷуз мо се нафар дар он субҳи барвақт дар тарабхона касе набуд. Дар он шабу рўз қариб бист фоизи аҳолӣ бо либоси ҳарбӣ мегашт ва агар дар ҳақиқат онҳо низомӣ буданд, банда аз намояндаи мухолифини онҳо будам. Ҳарчанд мо дар сангарҳои муқобил ба муқобили якдигар меистодем, вале имрўз ҳамдилу ҳамзабон будем. Чунки ҳамаи моро як мақсад бештар ба даст овардани фоида бо кадом роҳе набошад, муттаҳид месохт. Ана ҳаминро демократия мегўянд. Яъне, ҷанг ҷангу нанг нанг аст…
Капитан пешхизматро даъват карда, хўрок фармуд ва таъкид кард, ки барои меҳмон шароби беҳтаринро биёрад.
– Ман наменўшам.
– Шиносоӣ бе ин намешавад, бародар, – эътироз кард капитан.
Пешхизмат газак ва шароб оварда, гуфт ки даҳ дақиқа пас хўрок ҳам мешавад.
Капитан ба пиёлаҳо май рехта, якеро ба дасти банда ва дигареро ба дасти ронанда дода гуфт:
– Барои шиносшавӣ…
Капитан худро Вадуд ва ронандаашро Қосимҷон гуфта муаррифӣ намуд. Шояд, ки ин номи аслии онҳо ҳам набуд, вале дар он вақт номе лозим буд, ки байни худ муроҷиат намоӣ.
Банда номи аслии хешро гуфтам.
– Ана, барои ҳамин шиносоӣ, Сангинмурод, – гуфт Вадуд ва мо пиёлаҳоро бардоштем. Ҳарчанд армияи озодихоҳи мо ба муқобили бародарони ҳамхуни худ “ҷиҳод” эълон карда буд ва чун ҳама пайравони ислом майро ҳаром ҳукм карда, вале банда барои барори корҳои нопоки хеш қонуни шариатро фаромўш карда нўшидам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан