Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 419 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 419 аз 499 · 2 ноябри 2026

Баъди нисфирўзӣ, ки ман қариб дар пойи рост намеистодам, аз тарабхонаи “Шероз” бо ёрии бародарони ҳаммаслаки хеш берун омадам. Хайрият Қосимҷон ба ҷуз як пиёлаи аввал дигар нагирифт ва ману Вадудро ба автомашина бурда шинонд ва баъди чанде дар паҳлуи дарёчаи шўхи кўҳӣ автомашинаро нигоҳ дошт ва боз моро аз дохили автомашина берун овард. Мо болои алафҳои навбаромада дароз кашида, лаҳзае аз одаму олам фориғ шудем…
Чун ба худ омадем, дар оби дарёча дасту рўй шустем, (чунки ҳоло барои оббозӣ хело вақт буд) ва сари иҷрои супорише, ки моро бо ҳам ин қадар дўсту қарин гардонида буд, машварат намудем. Маълум шуд, ки дўстони нави ман боре ҳам дар Валвалак набудаанд…
– Чӣ илоҷ?– гуфтам ман,– полковник полковнику мо ин ҷо ва ба ҷуз овардани он лингчаи лаънатӣ маро чорае нест. Мо боз ба ҳамон деҳаи аввала рафтем. Автомашинаро Қосимҷон паҳлуи осиёби кўҳна боздошт.
– Ин тарафашро пиёда равем, беҳтар аст, – гуфт ў.
Мо аз Вадуд дастур гирифта, ба роҳ баромадем. Капитан бошад ба гуфти худаш даромадгоҳи деҳаро зери назорат гирифт. Чун ба доманаи Валвалак расидем ман ба хулосае омадам, ки зодаи водӣ (Қосимҷон дар назар аст) ягон маротиба ба кўҳ набаромадааст. Модоме ки ў ба кўҳи одӣ набаромадааст, пас чӣ хел ба Валвалак мебаромада бошад?– аз дил гузаронидам ман ва вуҷудамро тарсу ҳарос фаро гирифт.
Ман дар як лаҳза ҳушёр шуда рафтам. Охир, агар рафту сари ин зодаи водӣ чарх занад, дарёи Панҷ манзили охираташ мегардад, пас ана ёбу гир…
– Гўш кун, Қосимҷон, модоме ту ба кўҳи одӣ набаромада бошӣ, беҳтараш ҳамин ҷо ист, ман худам…
– Агар капитан хабардор шавад, маро аз ҳисса мебарорад, беҳтараш, ки ман ҳамроҳат…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан