Вақте ки ба ман «зиёфат» – и нисфирўзӣ доданд, ба хулосае омадам, ки таъкиди мушовири адлияи дараҷаи сеюм Ташрифов ба гўши «муҳофизон»– и банда кора накардааст.
Худи ҳамон лаҳза аз рўйи мақоли «аввал таом баъд калом» амал карда, ҳама фикру ақидаи худро нисбат ба полковнику он бист «лимон» ба гўшаи фаромўшӣ дода, сари ноштои нисфирўзӣ нишастам…
Нишастаму дуд аз димоғам баромад. «Зиёфат» чунон шўр буд, ки аз намакоб фарқе надошт. Ба ҷуз як қошуқ дигар чизеро ба даҳон бурда натавонистам. Шояд муҳофизонам бандаро ҳаққи намак карданӣ буданд…
Агар дар озодӣ мебудам, он косаи пури «шўрбо»– ро маҷбуран ба гулўи ошпаз мерехтам…
Аз чӣ бошад, ки ин косаи шўрбо ҳодисаеро ба ёдам овард…
… Боре марде аз деҳаҳои наздисарҳадии кишвари Примореи Федератсияи Русия ҳангоми ҷамъоварии ҳосил роҳро гум карда, сарҳади Хитойро ба қавле ғайриқонунӣ убур карда, ба дасти муҳофизони чинӣ афтодааст. Бечора ҳарчанд бо имою ишора фаҳмондааст, ки роҳро гум намуда, ба ин тараф омадааст, вале овозаш ба гўши сарҳадбонони Хитой надаромадааст. Чӣ ҷойи гила ҳол он ки овози мо ба гўши баъзе ҳамзабонони худ намедарояд, пас аз хитоиҳо чӣ нолем? Ана ҳамин мард якуним солро дар маҳбаси Хитой гузаронида, дар бораи таомҳои он ҳасбхона нақлҳое намудааст, ки мўи бадани хонанда рост мехезад19…
Зиёфати имрўзаи банда ҳам ба фикрам аз он зиёфатҳои ҳабсхонаи Хитой, ки барои ҳамватанони мо раво дидаанд, камие надошт. Ҳарчанд ман гурусна будам, вале шикоят намуданро ба шаъни хеш раво надидам ва косаи пури шўрборо ҳамон хел ба дасти муҳофиз баргардонидам ва хатто ташаккур ҳам гуфтам.
Ў ҳайрон-ҳайрон гоҳ ба ман ва гоҳ ба косаи даст нарасондаи шўрбо нигариста, аз пеши камера дур шуд.
“Ба бедаст дасту ба калбуз шох надиҳад,” – гуфтани мардум ҷон доштааст. Чун мо яроқнок гаштем ба қудрати
“Сумарки над Китаем,” ” Комсомольская правда,” 1985.





