мўъҷизаофарини Калашников аҳсан гуфтем. Мо ки ҳанўз ба қавле аз «окоп» набаромада будем ва танҳо худро муҳофизи маҳал эълон карда будем, аз ҳама пеш зангириро пешаи хеш қарор додем. Дар атрофи мо одамони дурўя, ки барои як гўсфанд шуда на танҳо виҷдон, балки имонашонро ҳам мефурўхтанд, чун парвона пар мезаданд.
Маҳз ба воситаи ҳамин дурўяҳо мо нисбат ба армияи дар муқобиламон истода, овозаҳо паҳн мекардем. Ҳамин овозаҳо ба дили онҳое ки духтар ё хоҳари қадрас доштанд, аз ҳама беш таъсир мекард. Охир, овозаҳоро мо не, балки Норбоев барин шахсон, ки як умр намаки ҳукуматро хўрда буданд, паҳн мекарданд ва чӣ тавр халқи бечора ба онҳо бовар накунад…
Чун мо боварӣ ҳосил кардем, ки овозаҳо таъсири хешро дар маҳал расонидаанд, аз рўйи қоидаҳои дини мубини ислом ба хостгорфиристонӣ сар кардем. Аз ман дида онҳое ки аз дигар ноҳияҳо гуреза шуда омада буданд ва дар маҳалҳои аслии зисташон зану фарзанд доштанд, ба зангирӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карданд. Ана, дар ҳамин шароит «Хар аз харгала намонад» – гуфта, банда ҳам зангир шудам. Охир ман на танҳо фикри худ, балки васияти модари пирамро ҳам бояд ба ҷо меовардам…
Чун модару падарам мақсади бандаро фаҳмиданд, хеле хушҳол шуданд ва баъди чанд рўз ба хонаи ҳамдеҳаамон Ғайрат хостгор фиристоданд. Овозаҳо аллакай кори худро карда буданд ва Ғайрату ҳамсараш гузаштаи бандаро ёдовар нашуда, розигии хешро барои бандаро ба “ғуломӣ” қабул намудан иброз намуданд. Баъди ду ҳафта мо тўй ороста, духтари Ғайрат Бонуро ба хона овардем.
Хурсандии модарамро ҳадду канор набуд. Ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда (Бону ҳамагӣ 16 – сола буд) дар як муддати кўтоҳ ба модарам дасти рост шуд. Баъди як сол мо соҳиби писар шудем. Намедонам Бону чӣ хел, вале ман ҳамеша бо ёди ў аз хоб мехезам…
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.





