Аввалин сафари расмии Норбоев ба мавқеи мо на барои барқароркунии сулҳ ва бо роҳи маслиҳат ҳал крадани низои минтақа, балки барои «кушодани роҳи корвони марг»
(гузаронидани маводи мухаддир) нигаронида шуда буд.
Ҳарчанд ҳайати фармондеҳи мо барои дурўягӣ Норбоевро ба ҷазои олӣ ҳукм карда буд, вале аз рўйи қонуни байналхалқӣ куштани сафирро то мавридаш дар истеҳсолот боздошт ва бо ў сари як миз ба гуфтушунид нишаст…
Азбаски банда аъзои шўрои ҳарбӣ набудам ва машварат бо сафир паси дарҳои пўшида гузашт, дар бораи рафти гуфтушунид чизе гуфта наметавонам, вале баъдтар аз рўи ақли солим фаҳмидам, ки Шўрои ҳарбӣ таклифи сафирро барои кушодани роҳи корвони марг пазируфтааст. Албатта, ин роҳ дар таърихи олами ҷиноӣ аз “Роҳи абрешим” мавқеи камтаре надошт…
Ақли солими Норбоев имкон дод, ки гурўҳҳои муқобили ҳамдигар нишастаро дар табаддулоти бузург, ки худ як имконияти калоне барои гузаронидани маводи мухаддир фароҳам оварда буд, сари мизи гуфтушунид биёрад.
Баъди як ҳафтаи гуфтушунид Акрам –полвон маро наздаш хонда, супориш дод, ки ба маҳали зистам, ки зери тасарруфи армияи ҳукуматӣ буд, ба разведка равам.
Пурсидам, ки киро ҳамроҳи худ барам?
Акрам – полвон хандида гуфт, ки:
– Худат танҳо меравӣ ва бе яроқ.
– Охир онҳо медонанд, ки ман кистам ва агар ба даст афтам, дар пўстам коҳ ҷой мекунанд, – эътироз намудам ман.
– Гўш кун, Сангинмурод, ба ҳар як сари мўи ту ман ҷавобгарам ва агар касе ба ту бо чашми бад нигарад, ман худам пўсти ўро меканам.
Ҳарчанд ман аскари армияи ҳукуматӣ набудам, вале ба ҳар ҳол аскар будам ва новобаста аз шакли армия ман маҷбур будам, ки сухани қумандонро иҷро намоям, вагарна ў ҳам метавонист дар асоси қонуни давраи ҷанг барои саркашӣ кардан аз фармон бандаро ҷазо диҳад.
– Рафиқ қумандон, барои иҷрои амри шумо тайёрам.
– Ана ин гапи дигар, – гуфт Акрам– полвон ва илова кард, ки худи ҳамин бегоҳ ба роҳ бароям ва шабона ба назди раис Норбоев равам.





