Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 428 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 428 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар ин бора бо раис гуфтугў намудем ва тайи чанд рўзе лозим бошад, ту ҳамон ҷо мемонӣ.
Худи ҳамон рўз ман ришу мўйлаби баландшудаамро ба тартиб дароварда, бегоҳӣ дуои қумандонро гирифта, ба роҳ баромадам.
Азбаски ҳамаи пайраҳаҳои он манзил бароям шинос буданд, новобаста аз торикӣ бе ягон мамониат ба хона расидам. Мардуми деҳ ҳама дар хоб буданд ва баъди чанд бор ба дар ангушт задан падарам бедор шуда, омада дарро кушода, маро ки баъди фирор се моҳ боз дар хона набудам, ба оғўш гирифт. Баъд чароғи керосиниро фурўзон намуд ва модараму Бонуро ҳам бедор кард. Мо то дер гоҳ нишаста суҳбат кардем ва падарам борҳо илтиҷо кард, ҳоло дер нашудааст аз ин кор даст кашам ва ба назди арўси нозанинам, ки ҳамеша чашмаш дар роҳам аст, баргардам…
Сипас ману Бону ба хонаи хоби худамон рафтем ва то субҳ мижа таҳ накардем…
Ҳанўз чашми рўз накафида, ба дари хонаи раис ангушт задам. Ў дарвозаро ба рўям кушода, бародарвор бандаро ба оғўш гирифт ва рост ба меҳмонхона бурда, дуое хонда “қадам расид, бало нарасад” омин гуфт ва ман ҳам даст ба рўй кашидам. Ў аз саломатии Акрам – полвон ҳам пурсон шуда, барояш барори кор орзу карда омин гуфт. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки раис барои кадом корҳои қумандони мо барор хост…
Дар сари дастурхони пур аз нозу неъмат, ки ба ғайр аз шири мурғ ҳама чиз ёфт мешуд, мо дар ҳар бора хеле суҳбат кардем. Ҳарчанд худи раис ба ман он қадар маъқул набуд, вале дар як муддати кўтоҳ бо шарофати ў соҳиби понздаҳ ҳазор доллар гардида будам ва ин миқдор пул ба гуфтан осон буд, вале барои ёфтани чунин маблағ ман чӣ қадар ҷонбозиҳо намудам…
Ман чун дидам, ки раис худаш ба сари мақсади асосӣ омаданӣ нест, пурсидам:
– Раис қумандон, маро ба назди шумо фиристод, шояд хизмате дошта бошед?
– Хизмат ҳаст, вале намедонам, шумо барои иҷрояш омода ҳастед ё не?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан