Ман боз чанд рўзи дигар дар деҳа истода, сипас ба лагер баргаштам. Акрам –полвон ҳам дар бораи кору борам чизе напурсид.
… 8 …
Рўзҳо пайи ҳам якранг мегузаштанд. Қариб ки мо ба гўшаи фаромўшӣ дода шудем ва маҳз ҳамин хомўшӣ ба саркардагони мо маъқул наомад. Мо шабе ба ҳуҷум гузашта, чанд нафар аскари ҷавонро ба асирӣ гирифтем ва ба қавле аз худ дарак додем. Чун нафаре аз мо хатмкардаи мактаби низомӣ набуд, ҳама гуна амалҳоямон аз нигоҳи тактика ва стратегияи ҳарбӣ дур буда, ҳолатеро ба ёд меовард, ки бо чўбчае лонаи занбўрро вайрон мекунӣ ва аз беандешагии худи мо субҳи фардо борони тиру тўп ба сарамон рехт, вале боз ба ҷуз халқи бегуноҳ касе осеб надид.
Акнун мардуме, ки бо гуноҳи мо зарари моддию ҷонӣ дида буданд, моро чашми дидан надоштанд. Маҳз дар ҳамин давра дурўяҳо ба майдон баромада, онҳоеро, ки ба муқобили армияи озодихоҳи мо ташвиқот мебурданд, фурўхтанд ва бо ин роҳ худро ба садрнишинони мо наздиктар карданд.
Хушбахтона, чунин шахсон ангуштшумор буданд, вале буданд. Сари субҳ онҳо бо косаи ҳалво ва ё кўзачаи шир ба ситод омада, ҳамроҳи садрнишинон ситод тановули субҳгоҳиро бо ҳам медиданд ва аз воқеаҳои дохили деҳа ва авзои мардум мухолифини Ҳукуматро огоҳ месохтанд.
Мегўянд, ки деворрро об ва одамро гап вайрон мекунад ва барои тарсонидани чашми мардум бо фармони қумандони саҳрои Акрам-полвон барои вайрон кардани қоидаҳои шариати ислом муаллими деҳаи Олучазор Эраҷ Зарифро паронданд.
Маҳз ҳамин кирдори Акрам – полвон дар байни гурўҳҳои силоҳбадаст андешаҳои мухталиферо ба бор овард ва дере нагузашта бисёре аз аъзои гурӯҳи вай худро дар алоҳидагӣ таслими қӯшунҳои ҳукуматӣ намуданд. Акрам –полвон баъди ин ақибнишинӣ карда, бо дастаи хурде дарёи Панҷро убур карда ба Афғонистон рафт, вале косалесони ў Бедаки кулӯла ва Кабуди қоқ, ки аз асалхўрии ҳаррўза шикамҳояшонро молиш медоданд, он ҷо монданд. Баъди ҳодисаи дар Олучазор рухдода банда ҳам аз муборизаи минбаъда даст кашида, ба хона омадам.





