Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 431 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 431 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ман боз падару модари бармаҳал пиршуда ва арўси нозанинам Бонуро пеши назар овардам. Ҳарчанд андеша кардам, беҳбудие дар ин кор надидам, ва оқибат тақдири минбаъдаи Давронро аз сарнавишташ арзёбӣ кардам. Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ҷонишини Норбоев чаро ба мафия маъқул нашудааст. Боварам намеомад, ки Норбоев бе розигии «боло»
ба ин кор даст зада бошад.. Акнун вазифаи банда ин муҳокимаи муносибати Даврони Ғаюр ва Норбоев набуда, балки иҷрои супорише буд, ки мафия барои амалӣ намудани он пешакӣ ба ман як лимон туҳфа карда буд.
Дар интиҳо ман таппончаи ду рўз пеш аз дасти Норбоев гирифтаро омодаи кор сохта, ба он овозпасткунакро пайваст намудам.
Чун шаб фаро расид, ман андаке берунтар аз деҳа бозгашти Даврони Ғаюрро аз ноҳия интизор шудам. Омади корро бинед, ки ў на бо автомашина, балки пиёда ба тарафи деҳа меомад.
Ман, ки ба рўям ниқоб кашида будам, рост аз пешаш баромадам ва овозамро тағйир дода, амр намудам, ки даст бардорад. Дар он солҳои пурошўб сари ҳар қадам чунин “санҷишҳо” гузаронида мешуд. Даврони Ғаюр амри маро санҷиши навбатӣ пиндошта, даст бардошт ва ман туфангчаро ба пешониаш гузошта қулангро зер кардам ва ба хона баргаштам. Сари роҳ таппончаро ба дарёчаи шўхи кўҳӣ, ки вақти обхезӣ буд, партофтам. Сари субҳ доду фиғони ҳамдеҳагонро шунида берун баромадам ва чун фаҳмидам, ки кадом нохалафе Даврони Ғаюрро сари як тир намудааст, дар ҳақи қотил чун ҳама дуои бад намуда ба ҷаноза рафтам…
Баъди оне ки кормандони милисаю прокуратура кори хешро анҷом доданд, дар сари тобути марҳум худи Норбоев сухани бодабдабае гуфта, органҳои ҳифзи ҳуқуқро бовар кунонд, ки то ҷон дар рамақ дорад, қотилро ҷустуҷў мекунад.
Аз ин суханони раис қариб ман дасту по хўрдам, вале хайрият инро касе пайхас накард…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан