Баъди ду рўзи дигар ман ба ноҳия рафтам ва бегоҳӣ ба ҷойи вохўрии таъинкардаи Норбоев шитофтам.
Ман гумон доштам, ки ба ҷойи вохўрӣ худи полковник меояд, вале ду нафар ҷавони ношинос омада, сари мизе ки ман чой менўшидам, нишастанд. Дар чойхона одам кам буд ва мо баъди гуфтани парол яку якбора ба сари мақсад омадем. -Худи ҳамин шаб ба роҳ баромадан лозим,– таъкид кард яке аз мусоҳибонам. Баъди аниқ намудани амалиёт ва аз куҷо гирифтани бору ба куҷо супоридани он ман бо онҳо хайрухуш намуда, аз чойхона баромадам.
Ба бевақтии шаб нигоҳ накарда ба автомашинаи роҳгузаре нишаста, ба тарафи ғарб ҳаракат намудам…
Соатҳои ёздаҳи шаб аз рўйи суроғаи гирифтаам дари хонаеро тақ –тақ намудам. Соҳибхона, ки омадани маро интизор будааст, баъди лаҳзае дарро кушода, маро ба хона таклиф кард.
Дар хона ба ғайр аз соҳибхона касе набуд ва ман ҳатто таклифи соҳибхонаро барои чойнўшӣ рад карда хоб шудам.
Соатҳои чори субҳ соҳибхона маро бедор кард ва маводи мухаддирро, ки дар халтачаҳои селофанӣ гирифта шуда буд, оварда ҳисоб карда, ба борхалтае ҷо кард. Аслан он маводҳо аз афюн ва героин иборат буданд. Ман он маводҳоро шумурда, ба борхалта ҷой кардам. Навиштаҷотеро болои халтаи героиндор дидам ва ба хондани он таваҷҷуҳ зоҳир намудам.
Дар болои халтача бо хатҳои хонои форсӣ чунин омада буд:
«Худ накаш, ба фарзандон мадеҳ, ба кофар деҳ»…
Ана гапу мана гап, бин истеҳсолкунандагони ин маводи марговар то куҷоҳо фикр карданд ва дар ҳамин ҷо ҳам барои манфиатҳои нопоки хеш исломро ҳамроҳ карданд, ҳол он ки:-
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост…
Дар куҷо ин суханонро хонда будам ба ёд оварда натавонистам, вале ба хулосае омадам, ки маҳз аз дасти чунин “мусулмонҳо” ҳазорҳо мусулмонони дигар бангию ҳангӣ шуданд…





