Чун ман ҳамаро шумурда гирифтам, соҳибхона аз ман забонхат гирифт ва сипас борхалтаро худам бардошта берун баромадаму ба автомашинаи «Москвич»–и соҳибхона нишастам. Ў ки худро Фарид гуфта муаррифӣ кард, бандаро чашми рўз накафида ба пояи Валвалак оварда фароварду пас гашт.
Ман оҳиста-оҳиста борхалта дар пушт ба кўҳи азими Валвалак баромадан гирифтам…
Гумон доштам, ки дар ин пайраҳаи чун мўйи борик ба ғайри ман дар ин субҳи тирамоҳ касе нест, вале гумонам ботил баромад. Баъди ду соати роҳпаймоӣ, ки хеле мондаву афгор шуда будам, аз паси харсанги калоне, ки болои он кўҳи азим амонат меистод, ду нафар яроқбадасте баромада амр карданд, ки даст бардорам.
Ман ба тарафи чап нигаристам, ки дар зери он шўхи азим дарёи Панҷ мавҷ мезад. Ба фикрам, агар гунбази абрешимин (парашют дар назар аст.Ш.А.) ҳам агар болои сарам мебуд, ман аз он ҷо парида наметавонистам. Маро дигар илоҷе ба ҷуз амри роҳзанҳоро иҷро кардан набуд. Аз ин рў, ҳарду дастамро бардоштам ва мунтазири амри навбатии роҳзанҳо шудам.
– Дар борхалтаат чӣ дорӣ? – пурсид яке аз роҳзанҳо ва мили Калашниковро ба тарафи ман рост намуда буд.
– Камтар мағзу чағз.
– Мағзу чағз ҳам бошад мешавад, тайи чанд рўз аст, ки мо буридаи нонро ба даҳон нагирифтаем. Канӣ борхалтаатро ба замин гузор! - амр намуд дигарӣ ва автоматашро дар ҳолати омодагӣ қарор дода, милашро ба тарафи ман рост кард.
Агар банда таппончаи бетир ҳам медоштам, кори ин ду роҳзанро ҳамон ҷо тамом мекардам, вале афсўс, ки “Бюрои сиёсии Норбоев” ва мафияи болоиаш ҳамин чизи одиро ба инобат нагирифтаанд…
– Чаро истодаӣ ё нашунидӣ?
Ман бисёр мехостам, ки онҳо аққалан наздиктар биёянд, вале ҳарду ҳам он қадар гӯлу гумроҳ набуданд ва маро дар масофаи бисту панҷ - сӣ қадам ба худ дигар наздик шудан намонданд. Дар он пайраҳаи борик бошад, ин роҳи кам набуд.
Ман борхалтаро ба замин гузоштам ва гумон доштам, ки нафаре аз онҳо онро омада мегирад, вале ин тавр нашуд.





