Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 437 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 437 аз 499 · 2 ноябри 2026

Борхалта дар сангчае ҳамоил меистод ва ману ҳамроҳи “шиновар” ҳар кадом ҳамдигарро буғӣ мекардем, то рақиби хешро ба поён ҳаво диҳем ва соҳиби он борхалтаи нодир шавем. Ниҳоят ман ҳарифамро бо илоҷе ба поён тела додам ва ў дар тавсалаи ҷон даст ба тарафи борхалта партофт ва онро ҳамроҳаш ба қаъри дарё бурд... Сипас ба самти автоматҳо ҳаракат намудам ва чун онҳоро дидам, дуд аз димоғам баромад, чунки дар онҳо як тир ҳам набуд. Ҳангоми дар ҷабҳа “хизмат” намуданам ман борҳо аз забони қумандон шунида будам, ки аз силоҳи бетир дида, асои чӯбин беҳтар аст. Аз ҳамин лиҳоз колаи бад ба соҳибаш насиб кунад гуфтагӣ барин ман он ду автомати бетирро низ аз қафои соҳибонашон ба дарё ҳаво додам ва бо дасти холӣ ва дили ҳазин ба қафо баргаштам. Чун одами танҳо дар биёбони беохир қадам ниҳода дар болои кӯҳи азими Валвалак ҳам бошад, нақлеро ба ёд овардам…
Боре ронандаи бадахшие автомашинаи вайроншудаи хешро то қарибиҳои шом ба зўр ба деҳаи Курговад оварда, оҳи сабуке кашида, аз дил гузаронидааст, ки акнун ба ободӣ расидам ва шабро дар меҳмонии сокинони ин деҳаи овозадор гузаронида, сари субҳ аз пайи таъмири автомашина мешавам.
Мутаассифона, ба деҳаи Қурговад расидани ронандаи бадахшӣ ба вақте рост омадааст, ки мўйсафедони дар чойхона буда ба намози шом ба тарафи масҷид мерафтанд.
То ронанда аз автомашина фаромада ба пеши дари чойхона рафтааст, ки мўйсафеди чойхоначӣ ҳам аз чойхона берун шуда, дарро қулф карда, саросемавор аз назди чойхона дур шудааст.
Азбаски ронанда ба мақсади аслии мўйсафедони деҳа огоҳ набудааст, хостааст, ки диққати мўйсафеди чойхоначиро каме ҳам бошад, ба тарафи хеш ҷалб кунад ва шояд чойхоначӣ ўро ба хонааш даъват намояд. Бинобар ин, аз қафои ў давида гуфтааст:
– Амак намегўед, ки имшаб чӣ киност?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан