Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 436 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 436 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ҳамон роҳзани ба Калтенбрунер монанд (дарози қоқ) амр кард, ки аз назди борхалта сӣ метр қафо равам.
Ман дар дили худ ба Норбоеву он “Бюрои сиёсии” бемағзаш ҳазорон лаънат фиристода, тахминан панҷ –шаш қадам қафо рафтам.
– Боз қафо рав! – дод зад ҳамон дарози қоқ, вале ман дигар аз ҷой наҷунбидам.
Ў чун дид, ки ман аз борхалта ҷудо шуданӣ нестам, мили автоматро ба сўям рост карда нишон гирифт, вале азми банда қатъӣ буд ва ӯ қулангро зер кард. Тир аз паҳлуи дасти ростам гузашт ва ман сўзишеро ҳис карда худро чун мурда ба замин партофтам.
– Ту чӣ кор кардӣ? – дод зад ҳамроҳаш ба мерган.
– Дод назан, беҳтараш рафта халтаро гирифта биё, медонӣ он ҷо чӣ қадар…?
– Аз куҷо донам ту ва тағоят ҳаргиз гапи рост нагуфтед.
– Хайр шуд рав халтаро гир.
– Ўро чӣ кунем?
– Ба ў наздик нашав, бало ба пасаш.
Бо амри қоқи дароз ҳамроҳаш ба халта наздик шуд ва ман ҳамаи қуввамро ба даст гирифта бо як ҷаҳиш ўро ҳамроҳи халта ба замин хобондам. Аз ин ҳуҷуми ногаҳонӣ мерган дасту по хўрд, вале аз чӣ бошад, ки дигар маро ба нишон нагирифт, шояд ҳамроҳаш ягон хешу табори шефаш буд ва нахост, ки беҳуда ўро ярадор созад.
Ниҳоят ў автоматашро паҳлўи Калашникови ҳамроҳаш гузошта, ба тарафи ман омад. Чун ў ба ман наздик шуд, ман ҳамроҳашро сар дода ба тарафаш ҳуҷум кардам ва ба таги ҷоғаш чунон мушти обдоре фаровардам, ки мувозинаташро гум карда, қариб сарозер рафта буд, вале ҳамроҳаш давида омаду ба ман дарафтод. Дар он пайроҳаи болои кўҳ, ки чун “Пули Сирот” борику хатарнок буд, ҳар кадоми мо дар талоши ҳаёт ҳамдигарро мекӯфтем. Ниҳоят ҳамроҳи мерган борхалтаро гирифта, ба тарафи ҳамроҳаш партофт, вале ў онро ба даст оварда натавонисту борхалта ҷар шуд. Қоқи дароз эҳтимол маблағи дар халта бударо пеши назар оварда, эҳтиёткориро ба гӯшаи фаромушӣ дода, ба тарафи халтаи ҷаршудаистода ҷаҳише намуд ва мувозинати хешро нигоҳ дошта натавониста ба ҷарӣ рафт…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан