Акнун ман ба ҷуз назди Норбоев рафтан дигар чорае надоштам, чунки дигар аъзои ташкилоти «боло»– ии онҳоро намешинохтам.
Дар ин шаби тирамоҳ дар ягон ҷо истодан имконият набуд ва ман аз бемадорӣ қуввати рафтан ҳам надоштам ва маҷбур шудам ки ба бевақтии шаб нигоҳ накарда, ба дарвозаи паҳлуи хонаи Фарид ангушт занам.
Бузургии мардуми кўҳистон дар он аст, ки чун шаҳриён ҳамаро дузд гумон намекунанд ва кию чӣ буданатро ҳам намепурсанд, ҳамчун роҳгузар чун меҳмон туро пазироӣ мекунанд. Ана дарро ба рўям марди ҳамсинну соли худам кушод ва маро ба хона таклиф кард. Сипас, дар меҳмонхона чароғ даргиронд ва бандаро хайрамақдам гуфт. Ҳамсарашро рафта бедор кард ва дар бухорӣ оташ гиронданд. Чун гармӣ таъсир кард ва рагу паям камтар қувват гирифтанд, хоб ғалаба кард ва дигар чизе дар ёдам нест…
Бегоҳии рўзи дигар бо азобе ман ба деҳа омадам ва рост ба хонаи раис рафтам.
Норбоев маро бо авзои парешон дида пурсид, ки ягон ҳодиса рух дод.
– Рух дод, – гуфтам ман ва по ба остонаи хонааш гузоштам…
Бону, ки чун рентген маро аз назар гузаронд, захми на чандон калони дастамро дар торикӣ ҳам бошад, дарёфт ва хеста чароғро равшантар карда, наздам овард ва ба муойинаи дастам пардохт…
– Вой ман мурам, ин захми тир-ку!- гуфт ва рафта либосҳоямро низ аз назар гузаронд ва ба дурустии фикри худ боварӣ ҳосил карда, дар куҷо ярадор шуданамро пурсид. Вале ман ҳамоно хомўш будам. Суханони Норбоев то ҳанўз дар гўшам чун бонги хатар «Сангинмурод, товони зарарро ҷо ба ҷо карданат лозим меояд…» садо медод.
Бону бо маҳлули фураселин ҷойи захм гирифтаи дастамро тоза кард ва ба ҷойи захм малҳами ситометсин гузошта бо бинт онро баст ва дар ҳамин лаҳза қатраи ашки ў ба сари синаам чакид. Маҳз ҳамин қатраи ашк аз он тири ба дастам расида сўзонтар буд, чунки он на ба даст, балки ба дилам таъсир кард.
Акнун Бонуро имтиҳонҳои аз ин ҳам ҷиддитаре дар пеш буд…





