Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 440 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 440 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ниҳоят ў боз паҳлуйи ман дароз кашида, ҳамон хел бе овоз ашк мерехт. Дар ин муддат ман дар бораи суханони Норбоев ва чӣ хел баргардонидани қарз фикр мекардам.
Ҳарчанд ман бисту панҷ ҳазор доллар доштам, вале ин миқдор пул барои ҷо ба ҷо кардани карз басанда набуд ва чӣ хеле ки Норбоев гуфт, мафия то охирин тангаашро аз ман мегирад…
Ман худро ба даст гирифта, бо дасти чапам ба тарафи Бону тоб хўрдам. Ў ҳамоно ашк мерехт. Ҳарчанд ман он шаб паҳлуи ёри ширин будам, вале шаб ба назарам аз қарн ҳам дарозтар намуд, чунки тамоми шаб Бону ором нашуд, ки нашуд... . Ман ҳеҷ ўро нафаҳмидам, ки ин қадар гиря аз баҳри чист. Тирро ман хўрдаму гиряро ў кард. Ва танҳо сари субҳ ба ин суоли хеш ҷавоб ёфтам. Бону хабар дод, ки дар батнаш тифл дорад…
… 9 …
– Мафия дар асоси забонхати додаи ман бори аз даст рафтаро аз рўйи тарифи минималӣ ҳисоб намуда, онро 80 ҳазор доллар арзёбӣ намудааст, – хабар овард Норбоев.
Хостам худи ҳамон лаҳза ўро ба зери мушту лагад гирам, вале тарсидам, ки ин хонасалот дар қатли Даврони Ғаюр маро гунаҳкор накунад. Умуман, мафия бе банд бандаро баста буд ва ҳар як харакати ноҷоям ба сарам боз чандин балоҳоро оварда метавонист…
– Боло ҳамагӣ барои ҷо ба ҷо кардани товони зарар ба ту як моҳ вақт дод, – гуфт Норбоев ва бо ман хайрухуш намуд.
Бубин, чӣ мафҳумҳое мебароранд: “товони зарар,”- гўё ман ягон ҷойро вайрон карда будам. Ҳарчанд сари ҷо ба ҷо намудани ин зарари зормонда фикр кардам, роҳи дурусти ҳалли онро наёфтам. Агар ҳамон шаб он лаънатии Фарид ба дастам мехўрд, забонхатро аз ду сар мегирифтам. Агар гарданшахӣ мекард, кордро аз гулўяш мегузаронидам, вале тақдираш баландӣ кард…
Ман, ки хеле талхию сардии рўзгорро дида будам, то расидани рўзу соаташ муҳри хомўшӣ ба лаб задам ва ҳатто дар ин бора ба нимаи дуюми хеш ҳам даҳон накушодам.
Як моҳ чунон тез сипарӣ шуд, ки худам ҳам нафаҳмидам ва як бегоҳ раис маро ба хонааш ҷеғ зад. Чун ба наздаш рафтам, ҳамон ду нафареро дидам, ки маро дар чойхона пешвоз гирифта буданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан