Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 442 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 442 аз 499 · 2 ноябри 2026

Ман Бону ва модарамро дар кунҷи хонаҳои кўҳна маҳзуну хастаҳол дидам. Онҳоро қариб шинохта намешуд. Ана дар ҳамин ҳолат сухане ба ёдам омад, ки мўйи баданам рост шуд:

Нуфтаи фарзанди нар дар пушти марди қарздор,
Ё арақ карда бирезад, ё зи ғам духтар шавад.

Шояд дар ҳамин лаҳзаҳо Бону ба тақдири бадаш ҳазорон лаънат мегуфт ва агар он тифли дар батнаш буда садди роҳаш намешуд, эҳтимол маро ҳам партофта мерафт.
Сари масъалаи вориси ояндаи хонадон банда хеле фикр намудам ва ба хулосае омадам, ки хайрият нуфтаи хешро то лаҳзаи қарздоршавиам ба батни модараш гузаронидам…
Албатта, ба таҳдиди косалесони мафия бе тафовут будан ин беақлии маҳз буд. Ман ҳарчанд дар ин бора бо қиблагоҳам гапзанон карданӣ шудам, вале муроде ҳосил нашуд. Мўйсафед ҳарчанд аз ман ранҷид буд, вале мисли оне ки “гўштро аз нохун ҷудо карда намешавад” ў ба ҳар як тори мўи ман меларзид.
Маҳз барои ҳамин аз он хонаҳои қасрмонанди хеш ў дил канд, то ки сари банда дар амон бошад…
Ман мефаҳмидам, ки падарам дарун-дарун месўзад, вале худро бой додан намехоҳад. Охир, ў иштирокчии ҶБВ, дорандаи чор орден ва ҳафт медали Ҳукуматист ва аз беақлии хеш ман ўро ба чунин вазъияти ногувор овардаам.
Баъди се рўзи митинги назди ҳавлиамон ман боз ба назди Норбоев рафтам. Маълум шуд, ки Норбоев ҳам тайи ин се рўз омадани маро интизор будааст…
Ў аз сари мизи кориаш хеста, маро ба оғўш гирифт ва нисбат ба воқеаи ба сари хонадони мо омада ғамшарик буданашро изҳор карда гуфт, ки:
– Чанд рўз боз ба хонаатон омаданӣ будам, вале ҳеҷ поям пеш нарафт. Рости гап, ман ҳеҷ гумон надоштам, ки чунин “форс мажор”20 мешавад. Чӣ илоҷ, тақдир ҳамин будааст.

Коре ки онро дигар пешгирӣ нашояд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан