Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 443 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 443 аз 499 · 2 ноябри 2026

Вай котибаашро ҷеғ зада чой фармуд ва дар сари дастурхони хурдакаке, ки болои миз ороста буд, ман мақсади хеш ва фикру ақидаи падарамро, ки дигар нияти ба он хонаҳо бозгаштан надошт, арз намудам.
Раис, ки маро бодиққат гўш мекард, даст ба пешона ниҳода ба андеша рафт. Тахминан баъди даҳ дақиқа ё андак ҳам зиёдтар ў сар бардошта гуфт:
– Сангинмурод, маро ҳам фаҳм охир, чӣ хеле ҳам набошад, имрўз ман раиси колхоз ба таври дигар гўем, падари халқи ҳамин маҳал ва дарди ҳар кадоме аз ин мардум дарди худи ман аст ва ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки шумо аз он хонаҳои хеш бароед, вале модом, ки акаи Сабзалӣ ба он хонаҳо баргаштан нахоҳад, ман кўшиш мекунам, ки ягон харидор пайдо кунам.
Инчунин, дар ин бора ба «боло» ҳам гапзанон мекунам.
Албатта, хонаҳо ҳарчанд зебоянд, вале дар ин маҳал ҳеҷ кас онҳоро ба мабалғи панҷову панҷ ҳазор доллар намехарад. Дар шаҳр мешуд ин дигар гап, вале хона хона аст ва афсўс, ки онро аз ҷой ҷунбондан намешавад. Ана, худи ҳозир барои хотири акаи Сабзалӣ ва худат ман ба ноҳия меравам ва то фардо як ҷавоби аниқ ба ту меорам:- гўён ў аз ҷой бархест ва ба котибааш гуфт, ки ба ноҳия меравад. Чун берун баромадем, ронандаашро ҷеғ зада, ба автомашина нишаст ва баъди лаҳзае аз назари ман ғоиб шуд.
Ман хеле дар пеши бинои идора рост истода, сипас ба тарафи хона рафтам. Тамоми роҳ суханони раис, ки “дарди халқ дарди ман аст,” – гуфт дар гўшам чун путк садо медоду садо... Магар аз ин ҳам дурўягитар мешавад. Охир ў набуд, ки Даврони Ғаюрро ба марг ҳукм кард ва чӣ қадар дарду ғамро ба сари хонадонаш, ки дар ҳамин маҳал зиндагӣ доранд, овард.
Вале ҳоло ҷойи ин гапҳо набуд. Худораҳматии бобоям мегуфт, ки: «бо дўстон мурувват бо душманон мадоро»…
Рўзи дигар Норбоев аз ноҳия баргашт. Таъбаш болида буд ва аз лаҳзаи аввалини вохўрӣ ман инро фаҳмидам.
Норбоев хабар овард, ки кафши раиси ноҳияро пеши по монданд ва ба ҷойи ў рафиқи наздики Норбоев Хӯҷаевро раис таъин намуданд. То дирўз Норбоев ба номи собиқ раис Тағоймуродов қасам мехўрд, имрўз бошад сояи ўро дар девор метарошад. Ба фикрам Хӯҷаев ҳам ба ў ягон муносибати хешу таборие надошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан