Чун мактаб дар наздикии анбори марказии колхоз қомат афрохта аст, баробари сар задани алангаи оташ ҳамаи муаллимону хонандагон ба ёрӣ шитофтанд…
Хонандагони синфҳои боло аз ҷўйбори на чандон дур об меоварданд. Муаллимон дар қатори дигар мардуми деҳ барои ба дигар иморатҳо нагузаштани забонаи оташ чораҳо меандешиданд. Ниҳоят баъди ду соат мардум тавонистанд, ки оташро хомўш созанд.
Чун ҳар як патриоти Ватан банда, ҳам аз лаҳзаи аввали сар задани сўхтор дар маркази «зилзила» (болои боми анбор) ҷонбозиҳо намудам ва аз дур ҳам бошад, Робиаро медидам, ки об меовард. Ба қавле оташ хомўш шуд ва барои эҳтиёт мо болорҳои сўхтаро ки боз сабаби ба амал омадани сўхтор шуданашон имкон дошт, бояд мегирифтем.
Чун аз ман дар болои бом шахси ҷавонтаре набуд, мехкашеро ба даст гирифта, аз рўйи болорҳои сўхта ба рави мобайн, ки болорҳоро дутарафа мепайваст, баромадам ва мехи болорҳоро кашидан гирифтам. Мардум бошанд, болорҳои сўхтаро гирифта ба поён ҳаво медоданд. Вақте ки охирин болорро кандам, сари рав (пули асосӣ) шикаст ва ман сарозер ба поён рафтам…
Чун ба ҳуш омадам, мардуми зиёдеро болои сарам дидам, ки дар байни онҳо Робиа ҳам буд. Ба фикрам, рангу рўяш канда буд ва чизе гуфтан мехост, вале… Ман худро лаҳзае ба даст гирифта, ба тарафаш табассум намудам. Ба гумонам, на танҳо Робиа балки ҳамаи он мардуми дар он ҷо буда боварӣ ҳосил карданд, ки ман осеби сахт нагирифтаам, ҳарчанд аз баландии панҷ –шаш метр ба поён омада будам.
Директори мактаб Насимов - оне, ки бандаро бо аттестат таъмин намуда буд, ба колхоз алоқае надошт, вале дар давраи сўхтор худро чун сардори штаб нишон дод. Маҳз бо супориши Насимов автомашинаи “ёрии таъҷилӣ” ба нею нестони ман нигоҳ накарда, бандаро барои ташхиси аниқ ба беморхонаи минтақавӣ бурд… Насимов аз номи худи раис, ки он шабу рўз дар курорти “Евпатория” истироҳат дошт, аз духтурон илтимос кард, ки муддати як ҳафта маро ба зери назорати доимӣ гиранд. Чунин бачаҳо ифтихор ва ояндаи ин сарзаминанд ва нагузоред, ки ба онҳо осебе расад. Саломатии ман на танҳо барои худам, балки барои Норбоеву Насимов низ лозим буд, чунки агар ба ман ҳодисае рух медод, маркабҳои онҳоро кӣ ба ноҳия мебурд.





