Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 449 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 449 аз 499 · 2 ноябри 2026

Баъди се рўз амаки Валӣ (хаткашон) рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон»– ро овард, ки дар он нисбат ба корнамоиҳои банда очерки калоне рӯӣ чоп омада буд…
Маҳз баъди чопи рўзнома, ки Насимов онро дар мактаб байни омўзгорону хонандагон муҳокима намуда, хабар гирифтани “қаҳрамоне”- ро чун ман таваҷҷуҳи сиёсӣ номида буд, сафи аёдаткунандагони банда рўз аз рўз меафзуд. Бо супориши Насимов сари маро чунон докапеч карда буданд, ки дили ҳар бинанда ба ҳолам месўхт…
Ду рўз баъди чопи очерк хонандагони синфи даҳ ҳамроҳи роҳбари синфашон Мария Александровна ба аёдати банда омаданд, ки дар байни онҳо Робиа ҳам буд…
Ба назарам, ў чун моҳи мунир намуд, ҳарчанд сар ба зер афканда менишаст, то нигоҳаш ба нигоҳи ман барнахўрад.
Шояд ҳамин чизро шарму ҳаёи занона гўянд, ки Мария Александровна хонандагонро даъват намуд, ки дар ҳифзи моликяти давлат ва ҷамъият бе тафовут набошанд ва ҳамеша чун рафиқ Сабзаев, ки акнун мактаби мо ба номаш ифтихор дорад, ба ҳимояи моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бархезанд.
Муддате пас онҳо хайрухуш намуда, як – як аз дар баромаданд ва аз ҳама охир навбати хайрухуш ба Робиа расид. Ў ҳангоми даст додан коғази чорқатшудаи то ин лаҳза дар байни ангуштонаш пинҳоннамдаро бе каломе оҳиста ба дастам гузошта, табассуми зебое бароям ҳадя намуда, аз қафои ҳамсинфонаш баромад…
Чун ҳама рафтанд, коғази чорқатшударо кушода ба он чашм дўхтам…
“Салом қаҳрамони зи чашм дуру ба дил наздики ман!” Баъди мактубатро гирифтан онро ҳамчун шўхиҳои ҷавонӣ пиндоштам ва агар ҳодисаи ҳангоми сўхтор рухдода намешуд, эҳтимол ҷуръати ҷавоб навиштан ҳам намекардам. Мо дар рўҳияе тарбия ёфтаем, ки шарму ҳаёро зевари хеш медонем.
Баъзан ҳамин ҳиҷоб моро аз назарҳо дур мемонад ва дар интиҳо ба бахти хеш зомин мегардем, чунки чӣ хел гузаштани ҷавониро, ки абадӣ ва поянда нест, бо пероҳани шарму ҳаё, чун зевари қиматбаҳо, ки бо ғурур омехта шудааст, ороиш дода, ба бахти хеш зомин мешавем…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан