Худо гирад ҳамин ғурури нозарурӣ моро...
Ҳоло соат дувоздаҳи шаб. Бибиам чанд бор таъкид кард, ки рафта хоб шавам, вале маро хоб намебарад ва дар ин нисфи шаб сари миз ба ёди ту нишастаам. Ин ҳам сабаб дорад. Имрўз муаллима Мария Александровна аҳли синфамонро огоҳ намуд, ки пагоҳ ба аёдати “қаҳрамон” ба беморхона меравем.
Рости гап, аз суханони муаллима сарам ба осмон расид, чунки медонистам, ки гап дар бораи ту меравад. Тариқи ҳамин коғази безабон дар шоҳидии ҳамаи ситораҳои осмон, ки аз тирезаи кушода ба сӯям чашмак зада истодаанд, рози дили хешро баҳри ту, ҷони ширин, ифшо карданиям:
Аз тобу табам меҳри саморо кӣ хабар кард?
В-аз гиряи ман абри ҳаворо кӣ хабар кард?
Берун ҳама сарсабзу дарунам ҳама хун аст, Аз ҳолати ман барги ҳиноро кӣ хабар кард?21 Ана ҳамин хел, ҷони ширин, бандаро ба ҷуз баёни ҳолу аҳволи хеш дигар чорае намонд ва ман ғурури хеш шикастаю пероҳани шарму ҳаё дарида, дар ин хомӯшии шаб асрори дили хешро дар ҳамин чаҳор мисраъ шеър баҳрат арзонӣ доштам... Он рўз ки туро бо оташ даст ба гиребон дидам, дилам аз фараҳ лабрез шуд ва ман фаҳмидам, ки ту ва танҳо ту метавонӣ маро аз ҳар гармою сармо ҳифз намоӣ. Чун ту болои он рави асосӣ мисли дорбозон бепарво ҳаракат кардӣ, маро ваҳм зер кард ва аз Худои мутаъол бароят барори кор хостам. Чун чашми ҳама ба сўят дўхта шуда буд, шояд чашми бадбине (илоҳо чашмаш аз косахонаи сараш бурун ояд) ба ту асар кард ва он рав шикаст. Дар он лаҳзае ки ту аз баландӣ ба замин омадӣ, аз тарс ман сар ба зер афкандам ва туро ба паноҳи Оллоҳ таоло супоридам. Шукри беҳад, он Худои покро, ки дуои банда мустаҷоб шуду ту ҷони ширини манро бе озор ба замин фаровард... Чун ҳама дар гирду ту ҷамъ шуданд, диламро гургон тала карданд ва шарму ҳаёро аз ёд бароварда,
Сухан аз Зинатуннисо, соли вафоташ 1716.





